Тамринҳои ҷисмонӣ мисли антиоксидант муассиранд

Бешубҳа, варзиш яке аз василаҳои муассири ҳифзи саломатӣ ва дарозумрӣ мебошад. Табибон қайд мекунанд, ки танҳо 20 дақиқа тамринҳои ҷисмонӣ ба организм ҳамчун антиоксиданти қавӣ асар карда, дил, устухон ва мушакҳоро аз осебҳои гуногуну заъфият эмин нигоҳ медоранд. Ҳамчунин хатари хуруҷи як қатор бемориҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳанд.

Сюзи Ҳун (Suzi Hong) табиби амрикоӣ аз Донишгоҳи Калифорнияи Сан‐Диего мегӯяд, ки ҳар вақте бо тамринҳои ҷисмонӣ машғул мешавем, бадани мо боз ҳам ҷонноктар гашта, масунияти организм қавитар мегардад.

Сатҳи пасти фаъолияти ҷисмонӣ яке аз омилҳои афзоиши сактаи дил, инсулт ва як қатор беморию мушкилиҳои вобаста ба ҷамъшавии моддаҳои заҳрнок ва ё инкишофи илтиҳоби музмин дониста мешавад. Мушоҳидаҳои олимон муайян кардаанд, ки ҳатто афзоиши ҷузъӣ дар самти машқҳои ҷисмонӣ метавонад хатари вуқуъи сактаи дил ва мушкилоти дигари вобаста ба системаи дилу рагро коҳиш диҳад.

Гурӯҳи табибон бо роҳбарии Сюзи Ҳун хостанд озмоиш гузаронида, муайян кунанд, ки ҳаногми машғулият бо тамринҳои ҷисмонӣ, бадан чӣ гуна аксуламал нишон медиҳад. Ва дар кори мушакҳо, системаи дилу раг, майнаи сар ва увзҳои дигар чӣ дигаргуниҳо ба миён меоянд. Дар озмоиш 47 нафар ширкат варзиданд. Онҳо бояд масофаи кўтоҳеро давида, пеш ва пас аз он барои ташхис хун супоранд.

Ҳамин тавр табибон фони сафеда ва ҳормонҳоро муқоиса намуда, рӯйхати маводи ишораткунанда ва сафедаҳоро, ки пас аз давидан зичии онҳо тағйир ёфт, тартиб доданд. Зичии сафедаҳои TNF-алфа, ки вокуниши организмро зидди ҳамлаҳои микробу варамҳои саратонӣ идора мекунанд, то 5% коҳиш ёфта буд. Воридшавии он ба бофтаҳо ҳуҷайраҳои имуниро ба тавлиди интерлейкинҳо – маводи ишораткунандаи масъули вокуниш ба равандҳои илтиҳобӣ, маҷбур месозад. Ин боиси кам шудани шиддати илтиҳоб гардида, маънои онро дорад, ки ба организм ҳамчун доруҳои зидди илтиҳобӣ ва антиоксидант асар мекунад.

“Барои дарёфти чунин таъсири мусбат дар организм тамринҳо набояд сангину хастакунанда бошанд. Ҳудуди 20 дақиқа бо машқҳои сабук машғул шудан ва ё дар ин муддат мунтазам пиёда гаштан, барои натоиҷи хуб бояд кофӣ бошад”, илова мекунад Сюзи Хун.

–таҳияи Достиев Неъмат


Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

Нишонаҳои қабл аз сактаи дил, ки ҷисм моро огоҳ мекунад

Варзиш инсонро оқилтар мекунад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s