Тарбияи ахлоқии кӯдак

Кӯдак одатан танҳо баъд аз синни 1,5-солагӣ шахсияти алоҳида будани худро фарқ мекунад. Вале ҳоло ҳам ин нозукиятро бо тамоми ҷанбааш дарк намекунад. Ҳатто баъд аз синни 2-солагӣ ҳам ҳоло “ман”-и худро бапуррагӣ дарк намекунад. Кӯдак одатан баъд аз синни 4-солагӣ якбора ҷаҳиши зеҳнӣ гузаронида, дар самти фарқ ва тамйиз масофа қатъ мекунад. Дар ин овон кӯдак зиёд дурӯғ мегӯяд ва хаёлбофӣ мекунад. Ҳамчунин дар ин синну сол кӯдак ба дарки он мерасад, ки тахайюл ва зеҳни ӯ аз тахайюл ва зеҳни атрофиён фарқ карда метавонад. Ӯ мефаҳмад, ки тавсиф, рафтор ва гуфтори атрофиён новобаста ба одат ва ахлоқу атвори ӯ ҷараён мекунанд.

Дар баробари сифатҳои ирсӣ дар ин овон бинобар таҷриба ва авсофи баъдан касбнамудаи кӯдак маълум мегардад, ки ӯ соҳиби чӣ гуна тавсиф ва ахлоқ хоҳад гашт. Бахусус сифатҳои раҳмдилӣ ва ҳамдардӣ дар ҳамин овон инкишоф меёбанд. Масалан, кӯдаке, ки дар оила зери фишори рафторҳои дағалона ва берун аз меъёрҳои тарбияи одамӣ қарор гирифтааст, ҳангоми гиря кардани ҳамсолаш марҳамате нишон намедиҳад ва нисбати ҳоли маҳзуни вай аксуламали лозимаро изҳор намекунад. Ва бахусус дар самти ҳамдард будан тамоюле нишон намедиҳад. Зеро ӯ чунин ҳисро надорад ва ба дарки раҳмдил будан нарасидааст.

 Аз ин рӯ волидайнро лозим меояд, то ки дар ин овон ба кӯдак таълим ва тарбияи лозимаи ахлоқиро диҳанд. Дар ин синну сол кӯдак бояд дарк кунад, ки ҳар чиз меъёр ва қоидаи худро дорад. Вале дар баробари ин волидайн ҳаракатҳои ӯро бапуррагӣ маҳдуд накарда, сабаби чунин меъёр ва қоидаҳои муайяншударо шарҳ диҳанд. Волидайн бояд кӯдакро доим нисбати дигарон барои ҳамдард ва ҳамдил будан ташвиқ намоянд. Кӯдак бояд дарк кунад, ки дар ин муҳит ӯ тани танҳо нест, ашё ва ҳодисоти муҳит танҳо барои ӯ дар ҷараён нестанд. Вақте волидайн худ ба афроди ҷомеа ва арзишҳои гуногуни одамӣ эҳтиром мегузоранд, кӯдак ба дарки он мерасад, ки ӯ низ бояд ҳамчун ҷузъи як том ба арзиш, рафтор, баён, авсоф, фарҳанг ва маданияти халқият ва афроди гуногуни ҷомеаи муқим эҳтиром гузорад. Ҳамин тавр ӯ ҳам арзишҳои худӣ ва ҳам арзишҳои ғайрро қадр мекунад.

Волидайни дар ҳақиқат оқил ва доир ба ҳаёти мустақбали фарзандашон андешаманд аз ин ҳам бештар тадбирҳои лозимаро гирифта метавонанд:

Телевизорро хомӯш кунeд! 

Аллакай ба касе пӯшида нест ва таҳқиқоти зиёд ҳам муайян кардаанд, ки тасвирҳои ваҳшатомези дар оинаи нилгун ҷараёнёфта дар инсон ҳисси ҳамдардӣ, марҳамат, якдилӣ, шуури эҳсону олиҳиммат буданро мекушанд. Агар чунин дастоварди муҳими технологӣ дар самт ва замони дуруст ба кор бурда нашавад, кӯдак зери таъсир чунин “дояи манқуртзо” қарор гирифта, ҳамчун фарди тахрибкор ва дағали ҷомеа ба воя мерасад.


Кӯдак ва маънавият

Ҳақиқати марг ва идроки кӯдак

Бигзор, кӯдак ба полгона барояд!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s