Кабоб дар тафтдон

1 кг гӯшт, 2-4 дона пиёз, 3 қошуқ сирко (2 қошуқ барои пиёз ва 1 қошуқ барои гӯшт), 0,5 қошуқча қаламфури кӯфташуда, 3 қошуқ афшурдаи лимӯ, 1 қошуқ шакар, 2 қошуқ забудаи кабоб, зарфи махсуси селлофанӣ барои пухтупаз дар тафтдон (рукав для запекания);


1. Гӯштро дар шакли чоркунҷаҳои гӯшти кабоб реза кунед. Баъдан гӯшти резакардашударо дар зарфи муносиб гирифта, ба он қаламфури кӯфташуда, 2 қошуқ забудаи кабоб аз ширкати “Criollo”, 1 қошуқ сирко ва 3 қошуқ афшурдаи лимӯро илова намоед. Ҳамаи онро боэътино аралаш карда, барои аз 2 то 6 соат очоридан дар ҷои салқин ё яхдон нигоҳ доред;

рукав.jpg2. Пиёзҳоро дар шакли ҳалақаҳо реза кунед. Ба он 2 қошуқ сирко, 1 қошуқ шакар ва 4 қошуқ об илова намоед. Ҳамаи инро боэътино дар зарфи махсуси селлофанӣ барои пухтупаз ҷой карда, дар болои ҳалқаҳои пиёзӣ гӯшти очоришударо чинед. Зарф барои пухтупазро аз ду тараф маҳкам баста, дар болои зарф 2-3 сӯрох кунед;

3. Тафтдонро то 250 °С гарм кунед ва зарфро бо маводи басташуда ба дохили он барои 50 дақиқа гузоред;

4. Баъд аз 50 дақиқа зарфро аз дохили тафтдон бароварда, болои онро қисман даронед ва боз барои 30 дақиқа, то ки гӯшт беҳтар пазад, ба дохили тафтдон гузоред;

5. Баъд аз 30 дақиқа кабоби пухташударо аз дохили тафтдон бароварда, ҳамроҳи хӯриши тару тозаи сабзавотӣ тановул намоед.

Бо иштиҳои том!


Бойимҷон-кабоб

Равиоли бо панир

Лимонади хонагӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s