Агар кӯдак дурӯғ мегуфта бошад (1)

Аксарияти кӯдакон бинобар синну сол ва ҳолат сухани дурӯғ мегӯянд. Ҳарчанд ин амал барои онҳо мисли як навъ бозие метобад, вале баъзан барои рӯпӯш додани корҳои номатлуби худ, кӯшиш мекунанд ба волидайн ва калонсолон дурӯғ гуфта, онҳоро ба “ҳақиқат”-и кор бовар кунонанд.

– Аллакай аз синну соли хурдӣ (2-3-солагӣ) кӯдак мекӯшад, то ки барои пинҳон кардани ҳақиқати дурӯғ бигӯяд: агар эзорашро тар карда бошад, чунин набуданашро иддао мекунад; ҳарчанд табақаш ҳоло пур аз хӯрок аст, мегӯяд, ки ҳамаашро хӯрда тамом кардам. Ва таассуфовар ҳам ин аст, ки сабаби чунин рафтори кӯдак дурӯғгӯиҳои худи волидайн мебошад. Зеро калонсолон ҳам аксар вақт, агар дар хона бошанд ҳам, телефонӣ ба касе мегӯянд, ки ҳоло дар фалон ҷоям; ё кӯдакро фиреб дода, мегӯянд, ки агар ором шавӣ, ба ту фалон чизро харида медиҳам; вале ҳаргиз ин корро ба ҷой намеоранд. Ба ин монанд ваъдахилофиҳо ва дурӯғгӯиҳои худи волидайн боиси он мегарданд, ки фарзандашон ҳам дурӯғгӯӣ одат кунад;

– Аллакай баъд аз синни 4-солагӣ кӯдак ба дарки он мерасад, ки раванди фикрронии ӯ аз волидайн фарқ мекунад. Аз ин рӯ кӯдак бо роҳи дурӯғгӯӣ ё суханҳои аз ҳақиқат холиро ба забон оварда, эҳтимол, мехоҳад волидайнро огоҳ созад, ки ӯ низ соҳиби шахсият ва андешаи мустақил аст. То ки ба суханони ӯ низ гӯш дода шаваду ҳамчун фарди том қабулаш кунанд. Бахусус дар ин сунну сол бо волидайн ва калонсолон зиёд шӯхӣ карда, ба таҳрик оварданаш ҳам аз ин сабаб аст;

– Баъзе аз кӯдакон хаёлбофиро дӯст медоранд. Аз ин рӯ кӯдак ҳар гуна буду набудҳоро нақл, ҳодиса ва афсонаҳои худбофтаро ҳикоя мекунад, ки ба ҳақиқати онҳо худаш ҳам бовар мекунад. Ҳатто ҳар пагоҳӣ кӯдак ба волидайн дар бораи хобҳои дидааш нақл мекунад, ки эҳтимол, ҳамон шаб чунин хобро надида ҳам бошад. Сабаби ин гуна рафтор намудани кӯдакро акаср вақт адами худбоварӣ ё дар сатҳи виҷдон пахш намудани айбе мебошад, ки кӯдак мехоҳад ҳар чӣ тезтар аз он халос шавад, ё атрофиён аз он хабар наёбанд. Кӯдаконе, ки дар синни хурдсолӣ зиёд дурӯғ мегӯянд, ба худ боварӣ надоранд, ё соҳиби шахсияти ноқис ҳастанд. Аз ин рӯ кӯшиш мекунанд, ки дар назди ҳамсолон ва калонсолон тариқи суханҳои муболиғаомез ё дурӯғ, заъф ва камбудияшонро рӯпӯш намуда, диққати онҳоро ба дигар сӯ равона созанд;

(давом дорад)


Ба дурӯғгӯии кӯдакон кӣ айбдор аст?

Кӯдак ва маънавият

Шояд, мусиқинавози хуб шавад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s