Тамринҳои варзишӣ дар мавсими гармӣ

Дар фасли тобистон ҳавои кишварамон хеле гарм мешавад. Чунин ҳолат барои варзишгарони касбӣ ва дӯстдорони тамринҳои ҷисмонӣ метавонад мушкилӣ пеш орад. Вале бо риояи як қатор қоидаҳои сода, метавон дар ҳавои гарм низ тамринҳоро бе азият анҷом дод.

Ранги либос

Дар ин маврид либос нақши калидӣ мебозад. Гап сари тамға ва ё ранги либос намеравад. Вале бояд қайд кард, ки дар ҳавои гарм пӯшидани либоси варзишии сиёҳранг тавсия дода намешавад. Ин навъ либос нурҳои офтобиро зуд ба худ кашида, назар ба либосҳои рангашон равшантар, баданро гарм мекунад.

Сифат ва кайфияти матоъ

Ҳамчунин сифат ва кайфияти матои либос низ муҳим аст. Ҳангоми машғулият бо тамринҳои варзишӣ, аз пӯшидани либосҳои пахтагӣ худдорӣ кунед. Зеро онҳо зуд арақро ба худ ҷабида, вазнинтар мешаванд. Ҳарчанд солҳои пеш барои варзишгарон либосҳои аз пахта истеҳсолшуда тавсия карда мешуд, вале рушди усул ва сифати технологияи истеҳсолкунии либосҳои варзишӣ имкон додааст, ки матоъҳои полиэстерӣ ва навъи синтетикии махсус пӯсти баданро имкони нафаскашӣ дода, салқин нигоҳ медоранд. 

Об нӯшед!

Мутахассисон пас аз ҳар 15‐20 дақиқаи машғулият бо машқҳо 150—200 мл об нӯшиданро тавсия медиҳанд. Риояи ин реҷа ҳатмӣ нест. Муҳим ин аст, ки ҳар вақте ташнагиро ҳис кардед, об нӯшед. Илова ба ин метавoнед пеш аз оғози тамринҳо сар, пой ва маҳалли дилро тар кунед. Чунин амал барои хунук шудани бадан мусоидат мекунад. Ҳамчунин баъд аз тамом кардани машқҳо аз сар то пой шустушӯ карда, гардиши хунро дар бадан муътадил созед.

Бo варзиш машғул шавед ва саломат бошед!

– таҳияи Достиев Неъмат


Тамринҳои ҷисмонӣ мисли антиоксидант муассиранд

Маводи ғизоие, ки дар таркибашон меъёри намак аз ҳад зиёд буда метавонад

Чӣ тавр об ба натиҷаҳои варзишӣ таъсир мерасонад?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s