Китоб: “Сокровищница мудрости”; успех, карьера, семья
Муаллиф: Ҷим Рон
Нашриёт: Альпина Паблишер, соли 2011
Теъдоди саҳифа: 112
Забони китоб: русӣ
Ҷим Рон (Jim Rohn) яке аз наттоқон ва суханварони моҳири олами тиҷорати муосир мебошад. Ӯ аз солҳои 60-уми асри гузашта то аввалҳои асри XXI-ум фаъолият карда, ҳамчун муаллифи асарҳои зиёд оид ба соҳаи равоншиносӣ, адабиёт оид ба инкишоф ва рушди малакаҳои шахсӣ ва роҳҳои ноил гаштан ба муваффақият дар умури тиҷоратӣ машҳур гаштааст.
Ҷим Рон тайи 40 соли фаъолияти касбияш ҳамчун наттоқи муассир дар манотиқи Амрико, Аврупо, Осиё, Австралия ва Африқо беш аз 6000 маротиба баромадҳо анҷом дода, дар тақдири равшани ширкат ва нафарони зиёд саҳмгузор шудааст. Бинобар чунин саҳми назаррасаш ӯ бо ҷоизаҳои “CPAE Award” ва “The Master of Influence Award”, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии наттоқони ИМА (National Speakers Association) дода мешавад, мушарраф гаштааст.
Ва яке аз чунин асарҳои муассир китоби “Сокровищница мудрости” мебошад. Дар ин асар Ҷим Рон ба таври кӯтоҳ ва дақиқ доир ба мавзӯҳои инкишофи малакаҳои шахсӣ, касбу фаъолият, малакаҳои лидерӣ, ҷаҳду ғайрати ҳадафнок, танзими вақт, оиладорӣ, ҳаёти пурсамар ва ғайра назар ва фикрҳои хешро нигоштааст. Бояд қайд кард, ки тавсияҳои дар китоб овардашуда на танҳо барои тоҷирон пешбинӣ шудаанд, балки аз он метавон волидайн, донишҷӯён, роҳбарони ширкат, сарони ҳукумат ва ҳар нафари оқилу соҳибиродае, ки мехоҳад минбаъд ҳаёташро дар самти созандагӣ ва муваффақият тағйир диҳад, истифода кунанд.