Эҳтироми волидон (1)

Дар рафти талошу саргардониҳои зиндагӣ инсон гоҳо ба як худхоҳии басе бемурувват табдил мегардад. Чунонки мехоҳад ҳама чиз ба коми вай, ба хосту муроди дили вай анҷом шавад. Мутаассифона, кор ба он ҷо ҳам мерасад, ки мо нафаҳмида, балки тамоми марзҳоро убур карда, нисбат ба падар ва модари хеш, ки барои ҳастии мо васила ва сабаб гаштаанд, носипосӣ мекунем ва ба муқобилашон байрақи исён бармедорем.

Ҳол он ки падар ва модар ду мавҷуди муқаддасеанд, ки инсон бояд пештар аз ҳама эҳтиромашонро ба ҷо биёрад. Зеро ҳар ки дар эҳтироми падару модар кӯтоҳӣ кард, ба фармудаи Худованд муқобил баромадааст. Ва ҳар кӣ онҳоро хор кард, дер ва ё зуд худаш ҳам ба хорӣ мубтало мегардад.

Ин ҳам пӯшида нест, ки инсон аз рӯзҳои аввали ба ҳайси як мавҷуди кӯчак ба ҳаёт оғоз карданаш мудом рӯи дасти волидон аст. Мисле ки бор аст барои онҳо. Яъне, машаққату ранҷе, ки мо дар айёми тифлӣ ба падару модари хеш медиҳем, хеле зиёд аст, вале дар муқобили он волидон ҳамеша ба мо меҳрубонӣ ва дӯстдорӣ мекунанд. Меҳрубонии онҳо ба ҳаддест, ки сарҳади бузургии шафқати падару модар ва азобҳои кашидаи онҳоро муайян кардан барои мо ғайриимкон мебошад. Аз ин нуқтаи назар ҳурмату қадршиносии падар ва модар барои кас ҳам қарзи инсонисту ҳам вазифа маҳсуб мешавад.

(давом дорад)


Дар суроғи озодӣ

Нақши бобо ва бибӣ дар раванди инкишофи шахсияти кӯдак

Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s