Эҳтироми волидон (2)

Онҳое, ки қадру қиммати волидонро медонанду эшонро барои расидан ба саодати абадӣ ва ноил шудан ба марҳамати Офаридгор васила қарор додаанд, бешубҳа, нафарони толеъбаланданд. Ва онҳое, ки падару модарро ранҷ додаву барои пайдо шудани осори ғаму андуҳ дар чеҳраи эшон сабаб мешаванд ва нисбаташон беэҳтиромӣ кардаанд, як зумра бадбахтоне ҳастанд, ки мудом ба нобарориву шикаст мувоҷеҳанд.

Бузургии волидон аст, ки мегӯянд, ҳар ки ба падару модараш эҳтиром дорад, нисбат ба Парвардигораш низ боэҳтиром аст ва ҳар ки нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ кард, пеши Худованд низ беэҳтирому қадрношинос мебошад.

Мутаассифона, беэҳтиромӣ нисбат ба падару модар ва озурдани хотири эшон кори хатое, балки гуноҳест, ки бештар дар айёмӣ ҷавонӣ содир мешавад. Ва маҳз дар ҷавонӣ ноогоҳона ва аз сари ҷаҳлу ғафлат волидонро меранҷонем, ба онҳо гап мегардонем, дилашонро мешиканем. Ёдовар шудани ин масъала ҳам ба ҳамин хотир аст. Яъне, як нав таъкид, балки хотиррасон кардан ба ҷавонон аст, ки дар ҳурмату қадршиносии падару модар кӯтоҳӣ накунанд. Эҳтироми волидон ҳам аз хислатҳои ҳамидаест, ки ҳар як ҷавон бояд, бегуфтугӯ, доро бошад.

–Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Ман кӣ будани ӯро медонам…

Нақши падар дар раванди тарбияи кӯдак

Дарозумрӣ ва хушбахтии волидайнро мехоҳед?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s