Кӯдак тартибу тозагиро тавассути бозӣ омӯзад

Одатан кӯдакон дар утоқи худ тартибу тозагиро риоя намекунанд. Зеро ин кор барои онҳо дилгиркунанда аст. Ба ҳама маълум аст, ки кӯдакон бозиро дӯст медоранд. Пас тозагӣ бояд мисли бозӣ барои кӯдак шавқовар бошад. Дар ин матлаб тавсия оид ба риояи тозагии хона бо роҳи бозӣ оварда шудааст:

Қуръакашӣ

1 (3)

Дар варақчаҳои алоҳида ба тартиб даровардани утоқ, либосҳоро дар ҷевон гузоштан, чанги болои телевизорро тоза кардан, бозичаҳоро ғундоштан барин фаъолиятҳоро нависед. Баъдан ин варақчаҳоро печонида ба қуттӣ андозед. Бигзор кӯдак аз даруни қуттӣ якеро гирад ва вазифаи дар варақча навиштаро иҷро намояд. Барои иҷрои ин амал ба ӯ тӯҳфаи хурде додан мумкин аст: тамошои филми тасвирии дӯстдоштаи кӯдак.

Мусобиқаи ҷобаҷогузорӣ

2 (2)

Баъд аз шустушӯ либосҳои хушкшударо ба ду гурӯҳ тақсим карда, –шумо шимҳоро, кӯдак куртаҳоро– дар фазои мусобиқа ба ҷевонҳо ҷо ба ҷо гузоред.

Холгузорӣ

3 (2)

Барои ҳар як кор холгузорӣ намоед. Масалан, шустани коса 20 хол, рӯбу чини утоқ 50 хол, ғундоштани бозичаҳо 30 хол. Ҳамин тариқ, агар то охири ҳафта 500 хол ҷамъ карда шавад, ҳамчун мукофот ба тамошои боғи ҳайвонот рафтан мумкин аст.

Магнитҳои ёрирасон

4 (2)

Дар қоғазҳо вазифаҳоро навишта, дар тахтачаи махсус бо магнитҳо часпонед. Тахтачаро ба ду қисм ҷудо кунед: иҷро шавад ва иҷро шуд. Охири ҳамон рӯз қисмати иҷрошудаҳоро ҳисоб карда, ҳатман ба кӯдак аҳсан гӯед.

Ҷамъ кардани ашёҳои нолозим

5 (2)

Кӯдакро вазифадор намоед, ки ашёҳои нолозимаро ба мисли пасмондаи ғизоҳо, бозичаҳои шикаста ва ғайраро ҷамъ кунад. Ашёи нолозимро ҳамроҳи кӯдак шуморида, ба партов партоед. Ин бозиро ҳар бегоҳ кардан мумкин аст.

15 дақиқа барои тозагӣ

6 (2)

Вақтсанҷро ба 15 дақиқа гузошта, хонаро ҳамроҳи кӯдак тоза кунед. Бо занги вақтсанҷ агар тозагӣ ба итмом нарасида бошад ҳам корро ҷамъбаст намоед. Ин принсипро ба кӯдакон истифода кунед. Ба ин васила кӯдак аз тозагии тӯлонии дуру дарози дилгиркунанда халос мешавад.

Ҷойи бозичаҳоро муайян кунед

7

Чашмонатонро пӯшида, то 15 ё 20 ҳисоб кунед. Дар ин муддат кӯдак бозичаҳои парокандаро дар ҷойҳои худашон гузорад. Баъдан шумо чашмонатонро кушода ҷойҳои бозичаҳоро муайян кунед. Агар муайян карда натавонистед, пас шумо бохтед.

Бозӣ бо харита

8

Дар коғаз харитаи вазифаҳои иҷромешударо кашед ва кӯдак пас аз иҷро онҳоро бо қалам ба ҳамдигар пайваст кунад. Дар охир номи тӯҳфаро нависед.

–таҳияи Саид Муъмин


Тарбияи ахлоқии кӯдак

Шояд, мусиқинавози хуб шавад!

Бигзор, кӯдак ба полгона барояд!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s