Тамринҳои муассир ва осон, ки дар ҷойи кор ҳам иҷро кардан мумкин аст

Нафароне, ки ҳангоми кор кардан одатан рӯзро шишта мегузаронанд, ба мушкилиҳои дарди сутунмуҳра, китф, гардан ва хастаҳолӣ гирифтор мешаванд. Чун имкони ҳаракат кардан дар корхона метавонад маҳдуд бошад, дар ҷойи нишаст низ як қатор тамринҳои осон ва муассирро иҷро кардан мумкин аст:

Тамрини мушакҳои тритсепс

1

Усули иҷроиш:

  • Дасти чапро ба боло бардошта, ба пушт қат кунед (ниг.: сурати боло).
  • Бо дасти рост оринҷи дасти чапро ба тарафи рост оҳиста-оҳиста кашед.
  • Дастҳоро иваз намоед.

Хамкунии сар

2

Усули иҷроиш:

  • Болои курсӣ нишаста, миёнро рост кунед.
  • Сарро бо навбат ба чор тараф хам кунед: ба рост, ба чап, ба пеш, ба пушт.
  • Як чанд маротиба такрор кунед.

Тамрин барои гардан

3

Усули иҷроиш:

  • Ҳар чӣ қадар метавонед сарро ба тарафи рост то охир гардонед.
  • Ҳамин тавр сарро ба тарафи чап ҳам гардонед.
  • Як чанд маротиба такрор намоед.

Тамрин барои китфҳо

4

Усули иҷроиш:

  • Ду дастро болои китфҳо собит гузоред.
  • Оринҷҳоро ба пеш тоб диҳед.
  • Акнун оринҷҳоро баракс тоб диҳед.

Мушакҳои шона

5

Усули иҷроиш:

  • Дастҳоро ба ду тараф дароз кунед.
  • Шонаҳоро бо ҳам ҷафс карда, дастҳоро ба пушт баред.
  • Як чанд маротиба такрор намоед.

Худро ба боло кашед

6

Усули иҷроиш:

  • Дастҳоро ба боло бардошта, бо ҳам часпонед.
  • Миёнро рост нигоҳ дошта, худро ба боло кашед.
  • Як чанд маротиба такрор намоед.

Ба як тараф хам шавед

7

Усули иҷроиш:

  • Дасти чапро ба боло бардоред.
  • Баданаро ба тарафи рост як сӯ хам кунед.
  • Ҳамин тавр тамринро ба тарафи чап ҳам иҷро карда, як чанд маротиба такрор намоед.

Тоб додани бадан

8

Усули иҷроиш:

  • Дастҳоро ба пеш дароз карда, бо ҳам часпонед.
  • Ҳамин тавр баданро ба тарафи чап ва баъдан ба тарафи рост тоб диҳед.
  • Як чанд маротиба такрор намоед.

Тамринҳои варзишӣ дар мавсими гармӣ

Хосияти шифобахши тамашк

Нишонаҳои қабл аз сактаи дил, ки ҷисм моро огоҳ мекунад

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s