Агар кӯдак дурӯғ мегуфта бошад (2)

– Барои он ки кӯдакро аз дурӯғгӯӣ барин одати бад раҳо созед, бояд сараввал фаҳмед, оё кӯдак дар он синну солаш чӣ дурӯғ ва чӣ рост буданро сарфаҳм меравад, ё не? Оё фарзандатон то чӣ андоза бад будани чунин одатро дарк мекунад, ё не? Зеро кӯдак ҳоло амали бад будани дурӯғ гуфтанро намедонад ва онро як навъ “бозӣ” меҳисобад. Аз ин рӯ волидайн бояд ӯро мувофиқи синну солаш огоҳ кунанд, ки дурӯғ гуфтан ва касеро фиреб додан амали бад аст;

– Гуфтаҳои кӯдакони аз 5-сола хурд метавонад ба сухани дурӯғ монанд, ё усули фаҳмондадиҳии ҳодисаи рухдода муболиғаомез бошанд. Аз ин рӯ ҳамоно ба ӯ тамғаи “Дурӯғгӯ!”-ро назада, асли воқеаро таҳқиқ намоед. Ҳангоми нақлкунии кӯдак доир ба тафарруоти масъала ва ҷанбаҳои гуногуни ҳодиса аз ӯ суол кунед. Бо ин роҳ ҳам кӯдак усули дурусти фаҳмондаидҳиро меомӯзад ва ҳам дар оянда ӯро аз дурӯғгӯӣ эмин нигоҳ медоред.

Боз чӣ кор карда мешавад?

– Ҳар вақте кӯдак дурӯғ мегӯяд, ҳамоно асабӣ шуда, ӯро ҷазо надиҳед. Бо лаҳни мувофиқ “Оё дар ҳақиқат суханҳои гуфтаат дурустанд? Зеро ба гумони ман, чунин нест!” –гуфта, асли воқеаро пурсон шавед;

– Дар давоми сухан “Ман модари (падар) туям, ба ту боварии комил дорам. Аз ин рӯ мехоҳам, ки асли воқеаро шунавам” –гуфта, мушфиқона рафтор кунед;

– Агар кӯдак ҳоло ҳам дурӯғ мегуфта бошад ва дар ин амалаш исроркор аст, ӯро ҷазо диҳед. Метавонед ӯро дар ҳуҷрааш барои соате маҳкам намоед, дар кунҷаке рост монед ва ё аз машғулияти амали дӯстдоштааш маҳрум кунед. Ин усули ҷазодиҳӣ кӯдакро водор мекунад, ки ҳангоми танҳо мондан доир ба амали кардааш андеша кунад;

– Бояд қайд кард, ки чунин усули таъдиб ва тарбияро бояд ҳангоми бо кӯдак танҳо будан ба кор бурд. Ҳаргиз дар назди дигарон ба ӯ дод зада, шахсияташро таҳқир накунед;

– Ҳамчунин қабл аз ҳама худи волидайн бояд дурӯғ нагӯянд ва агар ба кӯдак ваъдае дода бошанд, вафо кунанд;

– Ҳамчунин, агар кӯдак дурӯғ гуфта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро ба танг оварда, рост гуфтанро маҷбур накунед. Беҳтар аст, ки сабаби дурӯғ гуфтанашро муайян карда, ба кӯдак нодуруст будани дурӯғгӯиро фаҳмонда диҳед;

– Кӯдак бояд донад, ки падар ва модар шахсони наздику бовариноки ӯ ҳастанд. Ва онҳо барои кумак расонидан доим ҳозиранд. Аз ин рӯ барои пайдо кардани кумаки онҳо дурӯғ гуфтан зарурате надорад.


Кӯдак тартибу тозагиро тавассути бозӣ омӯзад

Ба дурӯғгӯии кӯдакон кӣ айбдор аст?

Тарбияи ахлоқии кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s