Фазои хушбӯи хонаро фароҳам оваред

Аксар нафарон, бахусус кадбонувон кӯшиш мекунанд, ки хонаашон доим муаттару хушбӯ бошад. Хусусан ҳаммом ва ҳоҷатхона ба ин навъ нигоҳубин эътинои маҳзро талаб мекунанд. Барои рафъи бадбӯӣ мо одатан аз атру хушбӯиҳои кимиёвӣ ба кор мебарем, ки баъзан ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Вале бояд қайд кард, ки роҳҳои арзонтар ва барои саломатӣ бехатари ба даст овардани равоеҳ мавҷуд аст. Барои ин ба Шумо лозим мешавад:

160 гр сода, 60 мл шарбати лимӯ, 1/2 қошуқ сирко, 1 қошуқ перекиси водород (3%), 15-20 қатра равғани эфир ва ё дилхоҳ равғани хушбӯе, ки маъқул аст.

Илова ба ин:

Зарф барои нигоҳубини хушбӯӣ, қошуқча ва ё дилхоҳ қолаб, пергамент.

Усули тайёркунӣ

1. Шарбати лимӯро бо сода омехта кунед;

1

2. Дар як зарфи алоҳида сиркоро бо перекиси водород омехта кунед;

3. Акнун ду махлути омодашударо ҳамроҳи равғани эфир омехта кунед;

2

4. Бо қошуқча ва ё дилхоҳ қолаби мувофиқ аз махлути омехташуда гиреду шаклчаҳо сохта, дар болои пергамент чинед;

3

5. Шаклчаҳои чидашуда на кам аз 4 соат бояд дар болои пергамент истода хушк шаванд. Агар имкон бошад, бигзор, як шабонарӯз истанд;

6. Хушбӯӣ тайёр аст. Ҳама шаклчаҳои хушбӯро ҷамъ карда, дар дохили зарфе, ки даҳонаш сахт маҳкам аст, ҷо кунед;

4 (2) (2)

7. Шаклчаҳои хушбӯро дар ҳар маконе лозим аст, ҷо карда метавонед. Ҳамчунин онҳоро дар дохили обрави нишастгоҳи халоҷо низ андохта, ҳам тозагӣ ва ҳам тароватро таъмин кунед.


Тамринҳои муассир ва осон, ки дар ҷойи кор ҳам иҷро кардан мумкин аст

Меъёри кофеин дар нӯшокиҳои гуногун

Як қаҳва аз чангак!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s