Агар кӯдак ангушт мемакида бошад

Одатан кӯдак барои ором шудан, завқ гирифтан ва татмин намудани эҳтиёҷоти эҳсосӣ ангушташро мемакад. Кӯдак дарк мекунад, ки чунин одат ӯро дар амн ва оромӣ нигоҳ медорад. Ҳарчанд дар марҳилаҳои аввал ба ин амал барои таскин ёфтан даст мезанад, вале баъдан онро ҳамчун одат касб меунад. Анқариб 80%-и кӯдакон ангушт мемаканд.

Дар баробари калон шудан ва ба синни мактабхонӣ расидан, кӯдак ин одатро батадриҷ тарк мекунад. Зеро дар ин овон барои ором кардани худ роҳ ва усулҳои дигарро тарҷеҳ медиҳад. Вале агар дар синну соли мактабӣ кӯдак ҳоло ҳам ангушташро мемакида бошад, хавотир нашавед, ин одат ба рушди солими ӯ халал намерасонад ва бо гузашти вақт ҳатман аз ин одат даст мекашад.

Аммо ногуфта намонад, ки агар кӯдак баъд аз синни 7-солагӣ ҳоло ҳам ангушт мемакида бошад, ин одат метавонад ба шаклгирии дурусти дандонҳои пеш монеа шавад. Аз ин рӯ дар ин ҳолат метавонед бо равоншинос машварат намоед.

Боз чӣ кор карда мешавад?

– Бинобар ангуштмакии кӣдак ҳаргиз аз болои ӯ фишор наоред. Агар чунин одат барояш дардманд набошад, дахолат кардан дуруст нест;

– Кӯдакро бинобар ангуштмакияш таҳқир карда, суханҳои дағал нагӯед;

– Ӯро бинобар чунин одаташ бо ҳамсолон, рафиқон ва бародаронаш қиёс карда, хиҷолат надиҳед;

– Ҳаргиз барои тарк намудани чунин одат дастонашро бо махлут ва таркибҳои гуногун намолед, зеро чунин “пешгирӣ”-ҳо метавонанд ба шахсияти солими кӯдак зарба зада, ӯро тарсу кунанд;

– Барои тарки ин одат бо кӯдак мушфиқона рафтор намоед. Услуб ва рафтори мувофиқро ба кор баред;

– Азбаски кӯдак барои татмин намудани эҳтиёҷоти эҳсосияш ангушт мемакад, ӯро бо амал ва кори дигар машғул кунед. Бигзор, эҳсосоташ бо роҳи мувофиқ таскин ва татмин шаванд;

– Яке аз сабабҳои дигари ангуштамкӣ ҳолати стрессӣ ва асабишавии кӯдак аст. Аз ин рӯ волидайнро лозим меояд, ки муҳити хонаводаро аз ин гуна фазои манфӣ пок нигоҳ доранд.

Вале ногуфта намонад, ки ангуштамкии дастони чиркин метавонад кӯдакро бемор кунад. Аз ин рӯ ба тозагии кӯдак аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.


Кӯдакони ангуштмак солимтаранд

Агар саг рӯю даҳонатонро мелесида бошад

Таъсири аз ҳам ҷудошавии волидайн ба кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s