Меҳри китобхониро аз овони тифлӣ ба дилаш ҷой кунед!

Мушкили “китобгурезӣ” ва ё аз “мутолиа қимоб будан” яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ҳалталаби ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Волидон ҳам аз рағбат надоштани фарзандонашон ба китобхонӣ нигаронанд. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон аз ҳар гуна машғулиятҳои бесамар дида, ба мутолиаи адабиёти бадеӣ банд бошанд, вале ночоранд, намедонанд дар дили бачаҳо шавқи китобхониро бо кадом роҳ бедор намоянд. Дар ҳамин ҳол коршиносон таъкид менамоянд, ки меҳри китобхониро мешавад ҳанӯз дар айёмӣ тифлӣ ба дили кӯдакон ҷой кард. Чунончи маслиҳат медиҳанд, ки:

Барои тифлатон китоб хонед: Барои ба фарзанд китоб хондан ба айёми тифлӣ диққат диҳед. Зеро қобилияти китобхонии тифли шуморо дар оянда ҳамроҳ бо вай китоб хондани шумо муайян мекунад.

Ҳангоми китобхонӣ тифлатонро ба бағал гиред: Агар тифл ҳангоми китобхонии шумо худашро роҳат ҳис кунад, пас дар оянда, вақте мустақилона китоб ба даст мегирад, низ аз китобхонӣ завқ мебарад.

Имкон диҳед китобро ба даст гирад: Тифлон мехоҳанд китобро бо дасти худ қапида, ламс намоянд ва худашон қироат карда, овозашонро ҳангоми қироат шунаванд. Шумо – волидон ба атфол барои китобро ба даст гирифта варақ гардонданашон кумак намоед.

Агар матни қофиядор бошад, боз беҳтар: Қофия барои ба миён омадани оҳанги забон ва устувории он мадад мерасонад. Ҳамзамон калимаҳои матни қофиядор хитоби мустақиме ба зеҳну майнаи кӯдак мебошанд. Пажӯҳиш нишон додааст, ки қофия ва оҳанг ҷиҳати ба ёд овардани калимаҳо ба кӯдак ёрӣ мерасонанд.

Шумо китоб хонед, то фарзандатон бихонад: Лаззати мутолиа низ сироятшаванда аст. Агар кӯдакон падару модарро зуд-зуд ҳангоми мутолиа шоҳид шаванд, онҳо низ ҳатман китоб ба даст мегиранд ва мехонанд.

Китобро ба ҷое гузоред, ки дастрас бошад: Мусоидат кунед, то фарзанди шумо ба китобҳое, ки дар ҷевони ҳуҷрааш ҷойгиранд, дастрасӣ дошта бошад. Иҷозат диҳед, бо китоби дилхоҳаш бозӣ кунад ва китоби дилхоҳашро бихонад. Мутолиаи батакрори як китоб барои ёд гирифтани фарзанди шумо имкон фароҳам меорад.

Китобхониро ба амали шавқовар табдил диҳед: Кӯдак набояд мутолиаи китобҳоро як амали дилгиркунанда шуморад. Бинобар ин бо ӯ сурудҳои ҳаҷвӣ сароед ва бо калимаҳо бозӣ ташкил кунед, то мутолиаи китоб ба як машғулияти шавқовар бадал шавад.

–таҳияи Башир Усмон


Ҷавонон ва ҳифзи забон

Усули тезхонии матн дастраси ҳамагон аст!

Кӯдак ва маънавият

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s