Тарбияи шахсияти пешбар дар кӯдак

Китоб: “Лидер во мне” Как школы и родители по всему миру помогают детям стать великими

Муаллиф: Стивен Кови

Нашриёт: Альпина Бизнес Букс, соли 2012

Теъдоди саҳифа: 304

Забони китоб: русӣ


Инкишоф додани шахсияти пешбар, малакаи эҷодкорӣ, касби тавоноии фикрронӣ ва таҳқиқнамоӣ яке аз масъала ва ҷанбаҳои умда дар таълим ва тарбияи кӯдак ҳамчун фарди солими ҷамъият маҳсуб меёбад. Ба касе пӯшида нест, ки “ғолибон” ва “афроди муваффақ”-и асри XXI онҳое мебошанд, ки зарфият ва малакаҳои дар боло зикршударо дороанд. Ва яке аз сифатҳои муҳими башарӣ малакаи ба роҳ монда тавонистани робита ва муносибатҳои солим бо афроди ҷамъият мебошад. Зеро мутахассисон иқрор мешаванд, ки пешбар ва роҳбароне, ки дар асри муосир равиши иқтисод ва ғайра соҳаҳои ҳаётро иваз мекунанд, маҳз ана ҳамин гуна нафарон мебошанд. Ҳарчанд дар гузашта таъкид мешуд, муваффақ касе мебошад, ки соҳиби маълумот аст, вале имрӯз аниқ гуфтан мумкин аст, муваффақ касест, ки маълумоти мавҷударо дуруст ба кор бурда, аз он баҳра мебародорад.

Стивен Кови муаллифи яке аз китобҳои муҳимтарин дар соҳаи ташаккули шахсияти солим бо номи “7 навыков высокоэффективных людей” роҳ ва усулҳои лозимаро барои тарбияи ин навъ сифатҳо зикр мекунад. Ҳарчанд ин асар солҳои 80-уми асри гузашта навишта шудааст, то ҳол аҳамият ва тозагии худро ҳифз менамояд. Тайи солҳои зиёд 7 малакаи дар китоб зикршуда, аллакай, аз ҷониби мутахассисон ва афроди муқаррарии соҳаҳои гуногун санҷида шуда, муассир будани худро исбот кардаанд. Вале то ҳол касе насанҷида буд, ки то чӣ андоза 7 малака метавонад барои тарбия ва инкишофи шахсияти солим дар кӯдак мусоидат кунад. Ҳамин тавр мудири яке аз мактабҳои амрикоӣ барномаи таълимияшро бинобар меъёрҳои ин малакаҳо тарҳрезӣ намуда, беш аз даҳ сол аст, ки ҳамчун яке аз муассисаҳои таълимии муваффақтарин шинохта мешавад. Дар китоби “Лидер во мне” таҷриба ва раванди пурмашаққати муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ ҷамъоварӣ шуда, доир ба таъсири мусбати 7 малакаи пурмаҳсул дар методикаи таълим ва тарбия нақл карда мешавад.

Дар ин миён бояд зикр кард, ки ҳарчанд китоб аз такрорҳои зиёди маъноӣ иборат асту мумкин буд ҳаҷми китобро камтар карда, раванди хонишро саҳлтар гардонид. Вале аниқ гуфтан мумкин аст, ки мутолиаи “Лидер во мне” ҳар нафари оқил ва нисбат ба тақдири насли наврас бепарво набударо “аз хоби ғафлат” бедор карда, доир ба таъсир ва тарғиби методикаи 7 малака андеша ронданро водор мекунад. Идеяи калидии ин асар аз хурдсолӣ тарбия намудани пешбарони масъулиятшинос ва инсони комил дар ҷомеа мебошад. Пас ин 7 малака кадомҳоянд? Ҷӯеду ба даст оред!

Хониши китоби “Лидер во мне” ба кормандони соҳаи маориф, роҳбарони муассиаҳои давлативу ғайридавлатӣ, тоҷирони соҳибуфуқ, омӯзгорони эҷодкори муассисаҳои таълимии мактабӣ ва томактабӣ, падару модари масъулиятшинос ва ҳар нафари зиндадил, қобилияти андешаронӣ дошта тавсия карда мешавад.


4 қоидаи лидери муваффақ

Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s