Ғурбат

Дар ғурбат, агар касе бимонад моҳе,
Гар кӯҳе бувад, аз ӯ намонад коҳе.
Бечораи ғариб, агар сокин бувад,
Чун ёди ватан кунад, барорад оҳе!

Ҳарчанд маънои луғавии ғурбат ҷудоӣ аз ватан, дурӣ аз ёру диёр, ғарибӣ ва мусофирӣ аст, дар истилоҳи тасаввуф ғурбатро дар баробари аз фазои дилфиреби дунё дурӣ ҷустан, доим дар пайи ба даст овардани фазои дилкаши ухравӣ ва муштоқи висоли Мақсуд будан, маънидод кардаанд. Нафароне, ки мазҳари чунин мақоми улвӣ гаштаанд, меъморони маънавии ин работи фонӣ маҳсуб меёбанд. Баъзе аз ҳолатҳои гуногуни ни меъморонро метавон бо ибораҳои зайл ишора намуд: ғурбати аз ҳол ба ҳол интиқолёбанда; ғурбати аз халқ рӯ гардонида, рӯ ба сӯи ҷамоли Ҳақ(қ) оварда; ғурбати аз Ҳақ(қ) ба халқ нузул кардан.

Дар шаъни ғурбат Расули акрам (с.а.в.) ба ин маъно чунин фармудаанд, ки дар назди Ҳақ(қ) Таъоло маҳбубтарини бандагон ғарибон мебошанд. Вақте асҳоб аз Расули акрам (с.а.в.) суол мекунанд: “Он ғарибон кистанд?”, Ҳабиби зишаън (с.а.в.) ба ин маъно мефармоянд, ки онон ба хотири дину диёнати хеш аз халқ дурӣ ҷустаанду рӯзи маҳшар ҳамроҳи Исо ибни Марям ҳашр хоҳанд шуд. Ин суханон барои дарки умқи ғурбати Ҳазрати Исо (а.с.) ва аҳамияти мақоми ғурбат дар назди Ҳақ(қ) Таъоло зиёд маънидор аст.

Дар китобҳои мустанади аҳодис чунин нуқта низ зикр мегардад, ки ҳар кӣ ғариб мирад, шаҳид шавад. Уламо дар шарҳи ин ҳадис қайд мекунанд: ғариб ҳар нафарест, ки аз диёру ватанаш дур мондааст; ғариб ҳар марди ҳол аст, ки атрофиён ба ҳолу атвораш бегонаанд; ғариб ҳар марди солеҳ ва аҳли имону изъон мебошад, ки миёни фосиқу фоҷир ва мулҳиду мункир танҳо монда, барои салоҳу саломати ҷомеа ҷаҳд мекунад; ғариб ҳар олиму орифе мебошад, ки миёни ҷоҳилу ҷилф зиста, новобаста ба мушкилиҳо азму ҷаҳдаш барҷо аст; ғариб ҳар марди маънову ҳақиқат аст, ки байни арбоби шаклу сурат монда, мардумро аз ҳикмати ашёву ҳодисаҳо огоҳ мекунад. Шояд аз он бошад, ки Мавлонои Балхӣ дарду ҳолати хешро бо ин мисраҳо ифода карда, тарҷумони фиғони дили ғарибон гаштааст:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад,
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷуяд рӯзгори васли хеш.


То чӣ андоза дилбастаи мақсуд ҳастем?

Фарёди булбул

Риояи адаби роҳ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s