Худхоҳӣ вартаи балост (2)

Худхоҳиро сифати шайтонӣ ном бурда, таъкид мекунанд, ки ҳар кӣ ба он гирифтор аст, бо оқибати шайтон дучор меояд. Шайтонро, чунонки маълум аст, ҳар калимааш ғурур ва якравӣ, ҳар ифодааш беэҳтиромӣ мебошад. Пас, нафарони худхоҳ низ аз ғуруру якраҳагӣ ва беэҳтиромӣ орӣ нестанд.

Илова бар ин, худхоҳ ин хислатро ҳам соҳиб мешавад: мехоҳад дар ҳар маҳфил васфи ӯро кунанд, аз хусуси вай ҳарф зананд, кору пайкори ӯро ҳамду сано хонанд, ки ин камбинии дигарон аст. Ин қабил одамонро аз ҳар ҳарфу ҳиҷояшон манманиҳо мерезад, ҳар як баёнашон худситоист, ҳар амалашон як навъ азхудкунист, хоксориву тавозуъашон бошад, ё риёст ва ё нақшае барои худро ба дигарон хоксору фурӯтан нишон додан.

Бинобар ин, дар кадом ҷамъияте набошад, дар кадом муҳит ва ё шароите қарор нагирад, инсон бояд бар он бикӯшад, ки аз хислати номатлубе, чун худхоҳӣ, даст шӯяд, чаро ки ҳисси худхоҳӣ дар баробари заъфовар буданаш, барои инсон айни тирагӣ ва ғафлат аст. Миёни худхоҳиву фурӯтанӣ ҳамеша зиддият вуҷуд дорад. Чунонки бо бештар шудани рӯшноӣ, зулмот аз байн меравад, бо пеш гирифтани фурӯтанӣ ва хайрхоҳӣ нисбат ба дигарон ҷои худхоҳӣ низ дар ҳаёти мо танг мешавад. Зимнан, ҷавонон ҳамчун созандагон ва ояндагони ҷомеа, ки дар навбати аввал ногузир бояд шахсияти худро бисозанд ва худро бо хислатҳои ҳамида мукаммал гардонанд, аз худхоҳӣ ва ҳар ҳисси дигари монанд ба он дурӣ ҷӯянд. Вагарна мавриди нафрину бадбинӣ қарор мегиранд.

–Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Ҷавонон ва ҳифзи забон

Туркия тобеътарин кишвар ба смартфон аст

Аз “ман” то “мо”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s