Апитерапия – табобат бо заҳри занбӯри асал

Бовари дорам, ки бо шунидани калимаи занбӯр, асал ва лаззати нотакрори он ба ёдатон меояд. Ҳарчанд табобат бо асал миёни мардум маълум аст, вале дар тибби халқӣ ҳамчунин усули табобат бо заҳри занбӯри асал низ зиёд ба кор бурда мешавад, ки апитерапия ном дорад. Бахусус табибони аврупоӣ ва Шарқи дур аз ин усули табобат истифода мекунанд, аммо ҳоло дар кишвари мо зиёд машҳур нест. Бо расидани асри технологӣ ва пешрафти илм аз тарафи табибон ҷиҳати фоидабахш будани заҳри занбӯри асал кашф шудааст.

Аввалин маротиба соли 1935 дар Олмон доруе бо номи “Форапин” истеҳсол шуда, таркибашро заҳри занбӯри асал ташкил медиҳад. Ин маводи доруворӣ то ба имрӯз дар истеҳсол мавҷуд аст. Заҳри занбӯр моеи беранг буда, буй ва маззае надорад. Нисбат ба ҳарорати гарм ва хунук тобовар аст. Барои истеҳсол кардани як грамм моддаи доруворӣ 10 000 неши оруи асал лозим аст. Таркиби кимиёвии он: аминокислотаҳо, сафедаҳо, равған, глюкоза, мелитин, нишонаҳои ферментҳои адолапин, апамин, гистамин, дофамин. Метилин ва адолапин ҳамчун чораи зиддиилтиҳобӣ ва апамин ҳамчун фаъолкунандаи гузаронандагии торҳои асаб хизмат мекунанд.

Ҳоло апитерапия дар Хитой ва Амрико ҳамчун яке аз методҳои табобат ба роҳ монда шудааст. Заҳри занбӯри асалро метвон дар шакли капсула ё марҳам дастрас намуда, барои муолиҷаи бемориҳои дарди буғум, дарди миён, артрити ревматоидӣ, остеопароз, фибромиалгия ва остеоартрит истифода бурд.

Дар баробари шифобахш будани худи асал, ҳамчунин хусусияти табобаткунанди заҳри занбӯри асал олимонро ба тааҷҷуб овардааст. Асалпарварӣ яке аз касбҳои дерину қадим мебошад. Асалро аз аҳромҳои мисрӣ, ки синну солашон беш аз 4000 сол муайян шудаанд, пайдо кардаанд. Ногуфта намонад, ки дар Қуръони Карим низ доир ба аҳамият ва хусуияти худи занбӯр ва асали он зикр карда мешавад:

“Сипас, аз ҳар мева бихӯр ва ба роҳҳои Парвардигори хеш ром шуда, равон шав! Аз шиками ин занбӯрон ошомидание бармеояд, ки рангҳои ин гуногун аст; дар он (ошомиданӣ) барои мардум шифо аст. Ҳамоно дар ин барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, нишонаест”.

–сураи “Наҳл”, 69.

–таҳияи Ҷабборов Далер


Пудина ҳам шифо аст

Агар хоҳед, ки ҳофизаи қавӣ дошта бошед

Тамринҳои муассир ва осон, ки дар ҷойи кор ҳам иҷро кардан мумкин аст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s