Кӯдак бинобар сабабҳои гуногун нохун мегазад:
– Муҳити хонавода ӯро безобита мекунад. Агар миёни волидайн муноқиша ва низоъҳои зиёд мавҷуд бошад, ин ҳолат ба рӯҳияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Ва ё ба оила “меҳмони нав” (додарча ё хоҳарча) омадааст. Бо сабаби ин гуна ҳолатҳо фикрҳои кӯдак парешон шудаанд ва нохунгазӣ яке аз роҳҳои вонамуд кардани эҳсосоташ мебошад;
– Худро дар амн эҳсос намекунад, асабиву ғамгин аст;
– Агар нафаре, ки барояш писанд аст, нохун мегазида бошад, ӯро тақлид мекунад.
Чӣ бояд кард?
– Кӯдакро ҳар доим “Нохун нагаз!” гуфта, фишор овардан дуруст нест ва ҳам фоида ҳам надорад;
– Ҳаргиз кӯдакро бо нафароне, ки нохун намегазанд, қиёс накунед;
– Волидайн ором ва ба ин гуна одати кӯдак сабур бошанд, зеро безобитагиву ғамгинӣ дар ҳама кӯдакон мавҷуд аст. Вале ҳар кӯдак он эҳсосотро гуногун ифода мекунанд;
– Бо кӯдак гап зада, ӯро таскин диҳед: “Ман бо ту ҳастам. Ҳар кумаке лозим аст, ман туро дастгирӣ мекунам!”
Чӣ тавре зикр гардид, сабаби нохунгазии кӯдак муҳит ва ҳолати ӯро безобитакунада мебошад. Аз ин рӯ волидайн сарчашмаи мушкилиро фаҳмида, барои ҳалли он ҷаҳд кунанд. Агар кӯдак дар муҳити ором ва амин ба воя расад, ба ин гуна одатҳои бад даст намезанад.