500 гр гӯшти кӯфта (қима), 300 гр карам, 100 гр биринҷ, 1 дона тухм, қаламфур, намак;
Соус: 3-4 қошуқ сметана, ним стакон об, 2 қошуқ томат;
1. Карамро борик реза кунед;
2. Биринҷро дар об нимпаз кунед;
3. Акнун карами резашуда, биринҷи нимпаз, қима, намак, қаламфур ва тухмро бо ҳам як карда, нағзакак омезиш диҳед;
4. Аз махлути омодашуда мувофиқи табъи дилатон шаклҳо созед;
5. Сметана, об ва томатро бо ҳам омезиш дода, соусро омода намоед;
6. Шаклҳои омодашударо метавонед бо ду роҳ пазед:
а. Шаклҳои қимагиро дар равған пухта, баъдан дар зарфе болояшонро пӯшед ва ҳамроҳи соус дам диҳед;
б. Дар болои лаълии тафтдон шаклҳоро чида, 20 дақиқа дар тафтдон пазед. Баъдан онҳоро аз тафтдон бароварда, аз болои шаклҳои қимагӣ соус резеду боз барои 20 дақиқа ба дохили тафтдон гузоред.
Бо иштиҳои том!