Агар кӯдак шабҳо эзорашаро тар мекарда бошад

Агар кӯдак шабҳо эзорашро тар мекарда бошад, волидайн асабӣ шуда, ӯро озор надиҳанд. Одатан, ҳамаи кӯдакон то ба синни 5 ё 6-солагӣ расидан, шабона эзорашонро тар мекунанд. Ҳатто педиатрҳо қайд мекунанд, ки 15%-и наврасони ба синни 7-солагӣ расида низ аксар шабҳо эзорашонро тар мекунанд. Хавотир нашавед, вақте ҳар кӯдак ба синну соли муайяни рушд мерасад, аз ин ҳолати хиҷил раҳо меёбад.

Агар солҳои баъдӣ ҳам дар кӯдак мушкилии эзорашро тар кардан идома ёбад, эҳтимол, кӯдак то ҳол ба синни мувофиқи рушд нарасидааст, ё масонааш аз ҳаҷми муқаррарӣ дида хурдтар аст. Дар баробари калон шудани масона, қобилияти дошта тавонистани пешоб низ инкишоф меёбад ва кӯдак эзорашро тар накарда, тамоми шабро роҳат гузаронида метавонад.

Вале, агар кӯдак баъд аз муддати муайяни хушк хоб кардан, боз шабҳо эзорашро тар мекарда бошад, пас ин навбат мушкилӣ заминаи равонӣ дорад. Волидайнро лозим меояд, то ки сабаби ин мушкилиро муайян кунанд.

Диққат!

– Волидайн бояд дарк кунанд, ки эзортаркунӣ ҳолати рухмедодаи берун аз иродаи кӯдак мебошад;

– Вақте кӯдак калонтар мешавад, аз истифодаи уребчаҳо даст кашед. Агар ҳоло ҳам шабҳо эзорашро тар мекарда бошад, беҳтар аст, ки ҳар доим ҷойпӯшашро иваз кунед. Зеро муддати тӯлонӣ ба наврасон пӯшонидани уребчаҳо метавонад ба саломатии онҳо зарар расонад;

– Ҳаргиз дар назди дигарон бинобар эзори тар кӯдакро таҳқир ва шармсор накунед;

– Шабона пеш аз хоб кардан кӯдак аз ҳад зиёд об нанӯшад;

– Пеш аз хоб кардан кӯдакро ҳатман пояк доред ва ё ба ҳоҷатхона рафтанашро ёдовар шавед;

– Шабҳо чароғи хоначаашро гиронда монед ва ё дарашро нимкушода гузоред;

– Ӯро доим дилбардорӣ карда гӯед: “Рӯзе ҳатман аз ин ҳолат халос мешавӣ. Танҳо каме вақт лозим аст”.


Агар кӯдак нохун мегазида бошад

Тарбияи ҳисси худбоварӣ дар кӯдак

Агар кӯдак ба боғчаи кӯдакона намерафта бошад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s