Тобистон ва фактори фарбеҳшавӣ

Рӯзҳои фасли тобистон ва рухсатию таътилҳо акнун ба шумор монданд. Мавсими кор фаро мерасад. Одатан дар фасли тобистон мо ба тағзияи худ диққати ҷиддӣ намедиҳем. Омӯзишҳо нишон додаанд, ки сатҳи фарбеҳшавии инсонҳо вақти таътил назар ба замони дигар се баробар зиёдтар аст. Вале пеши роҳи ин вазъиятро гирифтан мумкин аст. Якчанд тавсия дар самти тағзияи солим барои тобистон:

Сихчакабоби мурғӣ (грилл)

Гӯшти мурғ аз сафеда бой буда, сатҳи чарбу, карбогидратҳо ва ғизонокияш хеле паст аст. Онро метавонед ҳамроҳи қаламфур, кадуча ё боимҷон истеъмол намоед. Онҳо ҳам тамъи ғизоро болаззат мекунанд ва ҳам хосияти антиоксидандтӣ доранд.

Хӯриши мевагӣ

Дар фасли тобистон навъҳои гуногуни меваю буттамеваҳо зиёданд. Онҳоро истеъмол карда, пеши роҳи фарбеҳшавиро гирифта метавонед. Меваҳои сурх, бунафш ва кабуд манбаи антиоксидант ва витаминҳо ба шумор мераванд. Махсусан буттамеваҳо 1/3 эҳтиёҷи рӯзонаи ғозро таъмин менамоянд.

Тарбуз

Тарбуз меваи ташнашикан мебошад, зеро 90% он аз об иборат аст. Дар рӯзи тӯлонии гарму тафсон истеъмоли тарбуз ташнагиро баратарф карда, ба инсон нишот мебахшад. Илова бар ин моддаи ликопин (антиоксидант) дар таркиби тарбуз аз помидор дида зиёдтар аст. Ғизонокии яккоса тарбуз танҳо ба 44 кк баробар мебошад.

Кадуча

Яке аз сабзавотҳои беҳтарини фасли тобистон маҳсуб меёбад. Як косаи кадуча баробари 20 ккал буда, дар таркибаш равған ва холестерин надорад. Сабзавоти мазкур метавонад 35% эҳтиёҷи рӯзонаи витамини С‐ро таъмин намояд.

Хӯришҳои макаронӣ ва картошкагӣ

Дар тобистон чунин навъи хӯришҳоро, бахусус бо майонез омехта намуда, зиёд истеъмол мекунем. Майонез бошад серравған буда, ба саломатӣ зарар дорад. Аз ин рӯ зимни омодасозии хӯришҳои худ аз майонезҳои камравған ва ё аз майонезҳои дар таркибаш равғани зайтун доранда истифода баред.

–таҳияи Достиев Неъмат


10 ғизои баданро аз варам раҳодиҳанда

Ғизоҳое, ки бо ҳам истеъмол намудани онҳо муфидтар аст

Апитерапия – табобат бо заҳри занбӯри асал

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s