Муносибати падар ва фарзанд (1)

Дар маҳаллаи “Р” оилае зиндагӣ мекунад. Падар ба тиҷорат машғул асту модар хонашин аст. Ду духтару як писар мактабхонанд. Писари калонӣ ду сол боз мактабро тамом кардааст, вале алҳол ба ягон мактаби олӣ шомил нашудааст. Ӯ низ ба савдогарӣ рағбат дорад. Кам-кам аз атрофи шаҳр мева оварда, дар бозор мефурӯшад, вале ин кораш мавсимист. Ягона масъала ин аст, ки дар хона бо падар созиш карда наметавонад. Балки миёни падару писар чанд дафъа муноқиша сар задааст. Аз он боис, ки падар андеша дорад писараш домани савдоро маҳкам дорад, зеро имрӯз аксари масъалаҳоро пул ҳал мекунад ва дар тиҷорат бошад пул ҳаст. Ҳам аздусар писараш барои таҳсил дар донишгоҳ муваффақ нашудааст ва таҳсил хароҷоти барзиёд талаб мекунад. Писар бошад, бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо, мехоҳад ба мактаби олӣ дарояд.

Кор ба он ҳам оид шудааст, ки падар писарашро борҳо аз хона берун кардааст. Ба рағми ҳама ӯ ба хона омада кӯшиш кардааст, ки муносибати падару фарзандӣ хароб нашавад. “Мабодо аз густохӣ нисбати падар беэҳтиромӣ кунам” гуфта, мехост муносибати рахнашударо дарбеҳ намояд. Ин кӯшишро чор дафъа кард, аммо ҳар бор ҷавоби инкор шунид. Зеро қарори падар қатъӣ буд: писараш бояд мисли ӯ роҳи тиҷоратро пеш гирад. Зеро худаш бо вуҷуди соҳибмаълумот будан, рӯзгори хонаводаро бо пешаи савдогарӣ таъмин мекунад.

Талоши ҷавон барои даромадан ба мактаби олӣ имсол ҳам натиҷа надод. Бо ӯ тасодуфан дар бозори “Деҳқон” вохӯрдем. Вақте бо як дӯст, ки мошини сабукрав дораду дар назди ин бозор хизматрасонӣ мекунад, суҳбат доштем, ҷавон ҳам омад ва бо дӯстам гарм ҳолпурсӣ кард. Вале хотири ӯ мушавваш буд. Баъд аз борҳо муноқишаву хархаша кардан ва чанд моҳе ҳам дар ҷои дигар зистан, ҳоло падар гуфтааст, ки писараш хона биёяд. Вале баъд аз он қадар нохушӣ пои ҷавон ба рафтан намекашад. Бинобар ин мехост маслиҳат пурсад.

– Ҳозир як дам ист, тағои Комила фарёд мекунем. Ӯ боз одами таҷрибадор аст. Ягон гапи соз гуфта медиҳад, -гуфта, дӯсти ронандаамон ҷавонро мутмаин кард.

(давом дорад)


Даъват ба хайрхоҳиву муҳаббат

Ғурбат

Эҳтироми волидон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s