Тарбияи дуруст аз оила сарчашма мегирад

Масоили оиладорӣ ва тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор мераванд. Бояд гуфт, ки оила муассисаи муҳимест, ки дар он кӯдак ба воя расида, нашъунамо меёбад. Одоб, ахлоқ ва тарбия аз ҳамин ҷо сар мешаванд. Инсон ҳурмату эҳтиромро нисбат ба калонсолон, изҳори меҳру шафқатро нисбат ба кӯдакон, рафтори дурустро нисбат ба дӯстон дар ҳамин ҷо меомӯзад. Аммо онҳое, ки дар оила аз ҳама гуна фазилатҳо маҳрум мемонанд ва бинобар ин ноқис тарбия меёбанд, эҳтимол, сабабгори нохушиҳо дар чамъият гарданд. Ҳар қадаре ки оила солим бошад, насли оянда низ ҳамон қадар хуб ба воя мерасад ва барои нафъи миллат ҷаҳд мекунад.

Аз ин рӯ афроди оила бояд ба ҳамдигар хеле эҳтиромона муносибат намоянд. Чунин тарзи рафтор дар ҳама ҳолат ба кӯдак таъсир мегузорад ва ӯ низ дар муносибат онро риоя мекунад. Гузашта аз ин, вақте худи онҳо дар оянда оила барпо месозанд, дар муносибат бо аҳли оилаи худ чунин тарзи рафтори идеалиро пайравӣ мекунанд. Равоншиносон ба ин назаранд, ки кӯдак бояд ягон амали дурустеро чандин маротиба бинад, то ки он абадан дар зеҳну хотираш сабт гардад.

Ҳеҷ як падару модар намехоҳад, ки фарзандаш дар роҳи нодуруст бошад. Барои ин ҳамеша роҳҳои хубро ҷӯён мешаванд ва ҳаматарафа барои тарбияи нек мекӯшанд. Аммо дар ҷомеаи мо ҳастанд волидайне, ки ҳам мехоҳанд фарзандашон солим тарбия ёбад, ҳам барои пешгирӣ аз роҳи бад ҳеҷ коре намекунанд. Нафароне, ки дар фикри тарбияи дурусти кӯдаконашон ҳастанд, лозим нест дигар роҳҳоро имтиҳон кунанд. Зеро ҳурмату иззате, ки падару модар нисбат ба волидайни худ нишон медиҳанд, барои кӯдакон бузургтарин дарси тарбия маҳсуб мешавад. Кӯдак бояд даҳҳо маротиба бо чашми худ бубинад, ки чӣ гуна калонсолонро эҳтиром бояд кард ва танҳо дар он ҳолат ин хислат дар табиати ӯ ҷо мегирад ва таъсири худро нишон медиҳад. Аммо, агар инро ба чашм надида, дар ин бора танҳо насиҳат бишнавад, натиҷаи матлуб дер ҳосил мешавад ва ҳатто баъзан ҳеҷ натиҷае ба даст намеояд.

–Ризоева Лола


Кӯдак ва маънавият

Меҳри китобхониро аз овони тифлӣ ба дилаш ҷой кунед!

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s