Бинобар индекси солимии ҷаҳон дар соли 2017, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии тандурустӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони милали муттаҳид муайян карда шудааст, мардуми солимтарини ҷаҳон италиягиҳо мебошанд. Таҳқиқоти мазкур дар 163 кишвари ҷаҳон гузаронида шуда, муайян гардид, ки дар Италия ҳар навзод бинобар тағзияи солими мавҷуда то 80-солагӣ умр дида метавонад.
Бояд қайд кард, ки новобаста ба буҳрони иқтисодии солҳои охир, аҳолии Италия нисбат ба аҳолии кишварҳои Амрико, Канада ва Англия тағзияи солимтар мегиранду дарозумртаранд. Ҳамчунин яке аз сабабҳои дарозумрӣ ва тандурустии ин кишварро роҳбари “Project Hope” Том Кенён ба теъдоди кофӣ, сифат ва савияи баланди хизматрасонии кормандони соҳаи тиб вобаста медонад.
Илова ба ин мутахассиси Донишгоҳи Вашингтон Адам Древновский қайд мекунад: “Аҳолие, ки дар баробари бештар истеъмол намудани сабзавот ва меваи тару тоза, аз таомҳои аз ҳад зиёд равғандор парҳез мекунад, нисбат ба мардумони кишвари ғайр умри дарозтар мебинад. Бахусус сокинони наздисоҳилӣ, ки бе мамоният ба маҳсулоти баҳрӣ дастрасӣ доранд, солимтар ба сар мебаранд”.
Ҳамин тавр бинобар иттилои Bloomberg дар Ховари Миёна давлати Исроил, дар Амрикои лотинӣ кишвари Чили ва дар қисмати Аврупои ғарбӣ бошад давлати Словения ҳамчун кишварҳои дарозумртарин дониста шудаанд. Дар радабандии индекси кишварҳои солим баъд аз Италия кишварҳои Исландия, Шветсария, Сингапур ва Австралия ҷойгиранд.
Бояд қайд кард, ки бинобар маълумоти расмии Созмони байналмилалии тандурустӣ ҳисоби миёнаи умри шаҳрвандони тоҷикистонӣ ба 62 сол баробар аст. Ҳамчунин созмони IntraHealth қайд мекунад, ки дар Тоҷикистон баъд аз таваллуд ёфтани ҳар 1000 кӯдак анқариб 77 нафари онҳо то ба синни панҷсолагӣ нарасида, мефавтанд ва 27% аз он таваллудшудагон аз рушди солими ҷисмонӣ боз мемонанд.
Туркия тобеътарин кишвар ба смартфон аст
Дания – кишвари дар ҷамъ аз ду вилояти Тоҷикистон хурдтар, вале…