Муносибати падар ва фарзанд (2)

Ҳарчанд синни худаш ба чил расида бошад ҳам, хоксорӣ карда ба ҷавон маслиҳат доданро ба каси аз худаш калонтар муносиб донист. Вақте тағои Комил омад, мо ҳар се бо вай салом кардем. Як марди хушсурати ботамкин буд ва ба тахмини ман шастсола менамуд. Ӯ ҳам бо мошини сабукраваш бo мусофиркашонӣ машғул будааст. Рост ба чашми гӯянда нигариста, ӯро бо диққат гӯш мекард. Барои ман мароқовар буд, ки тағои Комил ба ҷавон чӣ мегӯяд.

– Ин масъалаи шумо масъалаи муносибати байни падару фарзанд аст, -гуфта, ба гап сар кард тағои Комил.

– Чӣ хеле ки худат гуфтӣ, агар як падар фарзандашро чанд дафъа аз хона пеш кунад, ин метавонад фарзандро ба исён ва гуноҳ тела диҳад. Аз тарафи дигар, падар ҳарчанд моро занад, аз хона пеш кунад ҳам, падар аст. Мо бояд дуои ӯро бигирем ва коре кунем, ки ҳама нохушиҳоро аз дилаш барорем. Вале агар рафтору муносибати падар ба он ҳад бошад, ки боиси амалҳои ноҷо анҷом додани писар шавад, чунонки гуфтем, ӯро ба шаккокӣ ва гуноҳ, ё ҷиноят равона мекарда бошад, дар ин сурат писарро лозим мешавад, ки аз рӯи мантиқу фаҳми худаш рафтор кунад… Ба назари ман роҳи мантиқӣ ҳамин аст. Бо вуҷуди ҳама, агар падару писар ба созиш мерасида бошанд, боз беҳтар…

Зимни суҳбат гапҳои хуби дигар ҳам гуфта шуданд, вале он чӣ, ки ба назари ман ба ҷавон дархӯр буд, ҳамин қисмат буд. Баъд аз хайру хуш бо дӯстам ва он ҳамсуҳбатон ман ҷониби роҳи калон ба тарафи нақлиёти ҷамъиятӣ рафтам. Раҳораҳ фикр мекардам, ки ба ҳар ҳол дили ҷавон шикастааст, бо вуҷуди ин, оё ӯ ба хонаашон мерафта бошад?

–Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Нақши бобо ва бибӣ дар раванди инкишофи шахсияти кӯдак

Ғофил манишин, на вақти бозист!

Кӯдак ва маънавият

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s