Пешгирӣ намудани сактаи дил дар дасти шумост!

Вақтҳои охир мо бештар мушоҳида мекунем, ки одамон дар синну соли ҷавонӣ ҳам гирифтори сактаи дил мешаванд. Дар баробари генҳо инчунин ғизогирии рӯзмарра, машғулият бо варзиш ва ғайра омилҳо метавонанд боиси чунин ҳамлаҳои ногаҳон шаванд. Тағйироти андак, вале муассир дар тарзи зиндагонӣ, метавонад шуморо аз ин мушкилӣ раҳо кунанд.

Машқҳои мунтазами ҷисмонӣ яке аз воситаҳои солим нигоҳ доштан ва тақвият бахшидани кори системаи дилу рагҳо мебошад. Табибон ҳафтае 3 маротиба машқҳои кардиоии 30 дақиқагиро тавсия медиҳанд. Агар давидан ба шумо писанд нест, пас метавонед теннис бозӣ кунед ва ё бо шиноварӣ машғул шавед. Хоб низ яке аз василаи барқарорсозии бадан маҳсуб ёфта, инсон бояд шабона 7‐8 соат хоб кунад. Тақрибан 60% калонсолон аз бехобӣ ранҷ мебаранд, аз ин рӯ омили хоб дар ба миён омадани ҳамлаҳои сактаи дил таъсиргузор аст.

Яке аз вазифаҳои доруи аспирин тунук кардани хун аст. Аспирин бо вояи паст хунро тунук карда, аз сактаи қалб муҳофизат мекунад. Ғизогирии носолим, сигоркашӣ, ҳаёти камҳаракат боиси фарбеҳшавӣ ва баланд шудани сатҳи холестерин дар хун мегарданд. Сатҳи баланди холестерин батадриҷ маҷрои рагҳои хунгардро танг мекунад. Вақте ҷараёни хун ба дил якбора кам мешавад ва ё роҳаш тамоман баста мешавад, дар қафаси сина дард пайдо шуда, сактаи дил ба миён меояд. Барои паст кардани холестерин парҳези солимро риоя намоед ва машқҳои ҷисмониро сарфи назар накунед. Иловатан бо кумаки доруҳо низ метавонед сатҳи холестеринро паст намоед.

Зиндагонии оромона дошта бошед!

Фаромӯш насозед, ки дар ҳолатҳои стрессӣ тапиши дил афзуда, фишори хун баланд мешавад. Агар коратон серташвишу стрессӣ бошад, баъд аз кор бо дӯстон якҷоя вақт гузаронед, сайру гашт намоед. Агар ин чораҳо таъсир набахшанд, пас, кумаки ҳирфаӣ бигиред ва ба равоншинос муроҷиат намоед. Агар аз сигор даст кашида наметавонед, ҳадди ақал миқдори рӯзонаро коҳиш диҳед. Зуд‐зуд хунатонро аз ташхис гузаронида, аз вазъи саломатии худ бохабар бошед. Бемориҳои музмини оилаи худро омӯзед ва дар бораи онҳо маълумот дошта бошед.

Саломат бошед!

–таҳияи Достиев Неъмат


Тобистон ва фактори фарбеҳшавӣ

Нишонаҳои қабл аз сактаи дил, ки ҷисм моро огоҳ мекунад

Тамринҳои ҷисмонӣ мисли антиоксидант муассиранд

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s