Кӯдак ва дилтангӣ

Агар кӯдак даме “бекор” ва ё танҳо монад, ҳамоно аз дилтанг шуданаш шикоят мекунад. Чунин ҳолат муқаррарӣ аст. Вале агар кӯдак танҳо бозӣ карданро омӯзад, мустақилона аз дилтангӣ раҳо меёбад. Пас, волидайнро лозим меояд, ки дар ин раванд ба кӯдак кумак расонанд.

Одатан кӯдакони хурдсол то синни 2-солагӣ чӣ будани ҳамроҳ бозӣ карданро намедонанд. Дар ин овон онҳо бештар танҳо бозӣ мекунанд. Вале баъд аз 2-солагӣ бо муҳит робитаҳои иҷтимоӣ сохта, ҳамроҳи дигарон бозӣ кардан мехоҳанд. Азбаски кӯдак завқи ҳамроҳ бозӣ карданро мефаҳмад, минбаъд талаб мекунад, ки диққати атрофиён, бахусус волидайн, ба тарафи ӯ равона карда шавад.

Маҳз дар ҳамин овон волидайн бояд ба кӯдак танҳо бозӣ карданро омӯзонанд. Чунин малака кӯдакро имкон мебахшад, ки бо роҳи бозӣ бинобар завқ ва шахсияти вижагии худ олами воқеиро омӯзад. Доир ба ашё ва ҳодисоти дунё бардошти субъективӣ дошта бошад. Ҳамчунин аз бозичаҳо қаҳрамонҳо эҷод карда, сенарияҳои нав ба нав ба миён оварда бозӣ кардан, ба кӯдак мустақилона ҳаракат намуданро меомӯзад. Азбаски кӯдак аз рӯзҳои аввали таваллуд доим ҳузури калонсолеро дар наздаш ҳис мекунад, ҳар вақте танҳо монад, безобита ва дилаш хавотир мешавад. Аз ин рӯ “Дилтанг шудам! Зиқ шудам!” гӯён, кӯдак ба назди модари серкораш меояд.

Чӣ бояд кард?

– Ба кӯдак боварии том дошта бошед. Бигзор дар хоначааш танҳо бозӣ бикунад. Волидайн гоҳ-гоҳ аз ҳолаш бохабар шуда истанд;

– Дар аввал иҷозат диҳед, то ки кӯдак бозичаҳояшро ҳамроҳаш гирад ва дар наздатон бозӣ кунад. Агар танҳо мондан ӯро безобита мекарда бошад, бо худ нигоҳ доштани бозича ӯро таскин мебахшад;

Баъзан дилтанг шудан ҳам фоида дорад

“Бекор” мондани кӯдак ва беҳадаф аз ин кунҷ ба он кунҷ рафта, омаданаш ҳам фоида дорад. Ҳамин тавр ӯ ба раванди фикрронӣ оромӣ бахшида, механизми тахайюлро фаъол мекунад. Ҳангоми сайру гаштҳои “бекора” муҳитро аз назар гузаронида, таҳқиқ мекунад ва бардоштҳои нав ба навро соҳиб мегардад;

– Ҳангоми дилтангӣ кӯдак ба дарки он мерасад, ки ҳаёт на фақат бо оворагӣ ва “пуркорӣ” мегузарад. Баъзан инсон “бекор” ва танҳо низ мемонад. Кӯдаки дилтангшуда бояд чунин таҷрибаро аз сар гузаронида, нисбати ин ҳолат масуният пайдо кунад. Ҳамчунин дилтангӣ кӯдакро водор мекунад, ки ӯ бо коре машғул шавад. Ҳамин тавр механизми эҷодкории ӯ фаъол мегардад. Камол ёфтани ин малака барои рушди солими кӯдак фоидабахш аст.


Тарбияи дуруст аз оила сарчашма мегирад

Меҳри китобхониро аз овони тифлӣ ба дилаш ҷой кунед!

Агар кӯдак нохун мегазида бошад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s