Агар кӯдак рашк мекарда бошад (1)

Одатан, баъд аз таваллуд шудани фарзанди дуюм, кӯдаки якум рашкин мешавад, зеро таваҷҷуҳи зиёди волидайн барои нигоҳубини “мeҳмони нав” равона карда мешавад. Кӯдаки калонӣ чунин ҳолатро ғалат фаҳмида, гумон мекунад, ки акнун падару модараш ӯро дӯст намедоранд ва ё таваҷҷуҳашон ба вай камтар шудааст. Аз рӯзҳои аввал барпо шудани ин навъ муносибат миёни бародарону хоҳарон табиӣ мебошад. Ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ин ҳолат барои рушди равонии кӯдакон ҷиҳатҳои фоидабахшро ҳам доро аст. Азбаски ҳар як кӯдак нисбат ба шахсияти худ аз волидайн таваҷҷуҳ ва муҳаббати томро талаб мекунад, мехоҳад, ки ӯ “шамъ” бошаду волидайн “парвона”. Аз ин рӯ рашкин шудани кӯдакон ногузир аст.

Ҳар кӯдак дорои шахсияти беназир буда, дар баробари сифатҳои гуногун, мисли худбинӣ, соҳиби чизе будан, бо ҳеҷ кас тақсим накардан, эҳтиёҷ ба эътимоди касе доштан ҳамчунин рашкин ҳам шуда метавонад. Дар асл рашк онҳоро бо яке аз ҳақиқатҳои ҳаёт рӯ ба рӯ мекунад: ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин дунё соҳиби муҳаббат ва таваҷҷуҳи том ва соҳиби ҳамаи имтиёзҳои зиндагонӣ шуда наметавонад. Ҳарчанд қабул ва дарки ин ҳақиқат барои кӯдак мушкил ва ҳатто дарднок шуда метавонад, вале ӯ бояд ин дарсро аз хурдияш биомӯзад. Меҳру муҳаббатро бояд бо дигарон тақсим кард. Муҳаббат ҳар чӣ бештар тақсим карда шавад, ҳамон андоза касро фараҳ мебахшаду дар ҳаҷму миқдор ноқис намешавад.

Дар асл дар дохили оилаи солим ин навъ рашкин шудани кӯдак, ӯро тарбия дода, дар оянда шахсияташро аз сифатҳои худбинӣ ва худпарастӣ раҳо мекунад. Ҳарчанд барои кӯдак аз худ кардани чунин таҷрибаи ҳаётӣ вазнин хоҳад буд, вале қадами аввалин дар самти иҷтимоишавӣ ҳамчун фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз дар оянда бо мууҳуит ва атрофиён робитаи солим барпо намуда, муросо карданро меомӯзад.

(давом дорад)


Агар кӯдак ба боғчаи кӯдакона намерафта бошад

Кӯдак ва дилтангӣ

Тарбияи дуруст аз оила сарчашма мегирад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s