10-и “Реал” то ҳол соҳиби ҳақиқияшро пайдо накардааст (1)

Дар аксари тимҳои футбол баъзе рақамҳо маъно ва вижагиҳои хос доранд. Дар дастаи “Реал”-и Мадрид рақамҳои 7 ва 10 дорои аҳамияти махсус мебошанд. Ҳар дуи ин пироҳанҳоро футболбозони беҳтарин ба бар кардаанд. Пироҳани рақами 7 дар пайдо кардани соҳиби худ ягон мушкилӣ намекашад, лекин баъд аз он ки Луиш Фигу тарки Мадрид намуд, пироҳани рақами 10 то ҳол соҳиби ҳақиқии худро меҷӯяд.

Пас аз рафтани Хамес Родригес, ки тайи чанд соли охир пӯшандаи рақами 10 буд, акнун аз мавсими ҷадид насиби футболбози хорватӣ Лука Модрич шудааст.

Раул ва рақами 7

raul

Раул яке аз футболбозони афсонавии тими испанӣ ва ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ӯ ҳанзӯз соли 1992 дар синни 15-солагӣ ба ҳайати “Реал” шомил гардид ва шуруъ аз мавсими 1995‐96 таҳти рақами 7 ба майдон мебаромад. То соли 2010, вақте ки аз даста рафт, соҳиби мутлақи ин пироҳан боқӣ монд. Раул дар рақобат барои ин пироҳан Луиш Фигуро, ки соли 2000 аз “Барса” ба “Реал” гузашта буд, мағлуб намуд. Дар замони ҳунарнамоии Раул “Реал”-и Мадрид се маротиб соҳиби “Ҷоми Чемпионҳо” ва шаш маротиба қаҳрамонии “Ла лига” гашта буд, вале соли 2010 ба таври ғайричашмдошт ҳамлагар дастаро тарк намуд.

Криштиану Роналду соли 2009 ба арзиши 94 млн евро аз Манчестер ба Мадрид омад ва мисли ҳамватани худ Фигу хост бо пироҳани рақам 7 бозӣ кунад. Дар дастаи “Манчестер” Роналду бо ин рақам бозӣ мекард ва ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт, аз ин сабаб талабгори рақами 7 буд. Вале Раул монеъи ин хоҳиши ҳамлагари португалӣ шуд. Мавсими аввал Роналду таҳти рақами 9 баромад намуд. Танҳо баъд аз рафтани Раул ин пироҳанро ба бар кард. Криштиану Роналду яке аз тобонтарин ситораҳои тими мадридӣ буда, метавон гуфт, ҳаққи ин пироҳанро ба тамом дод. Замоне ки Роналду ҷомҳои “Ла Лига”, “Абарҷоми Испания”, “Лигаи чемпионҳо”-ро болои сар карда, голзани беҳтарин, беҳатарин футболбози дунёву Аврупоро соҳиб мешуд, ҳамин пироҳанро дар тан дошт.

Вале дар дастаи “Реал”-и Мадрид пас аз рафтани Луиш Фигу пироҳани рақами 10 соҳиби ҳақиқии худро ёфта натавонист. Бисёр футболбозон зери ин рақам бозӣ караданд, вале касе мисли Фигу ҳаққи ин пироҳанро ҳанӯз ҳам дода натавонистааст.

(давом дорад)


Футболбозоне, ки боре ҳам аз майдон ронда нашудаанд

Қаҳрамонҳои илҳомбахш

Ситораҳои тобони “Реал” Мадрид

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s