10-и “Реал” то ҳол соҳиби ҳақиқияшро пайдо накардааст (2)

Аз рақами 7 ба 10 гузашт

Ситораи Фигу соли 1995 бо гузариш ба тими маъруфи “Барселона” дурахшид. Тӯли 5 сол ӯ дар майдонҳои сабз ҳунари олӣ нишон дода, мухлисони каталониро мафтун намуд. Лекин замоне, ки Фигу соли 2003 ба таври ғайричашмдошт ба ҷониби рақиби азалии каталониҳо ‐ “Реал” гузашт, муҳаббати мухлисони “Барса” ба нафрат табдил ёфт. Дар Мадрид низ Луиш хост бо рақами “толеъовар”‐аш бозӣ кунад, вале боз ҳамон Раул монеъ шуд. Ба туфайли маҳорати беҳамтои Луиш Фигу пироҳани рақами 10 дар дастаи “Реал” вижагӣ пайдо карду ба пироҳани афсонавӣ табдил ёфт.

Пас аз Фигу аввалин соҳиби пироҳани рақами 10 Робиниюи бразилиягӣ шуд. Флорентино Перес бо умеду интизориҳои зиёд ин футболбозро ба Мадрид овард. Робинию техникаи олии тӯбронӣ дошт, лекин дар бозии даставӣ бозӣ карда наметавонист ва бисёр танбал буд. Махсусан зиёд тӯброниҳои бефоидаву бемавриди ӯ ғазаби мухлисонро меовард. Баъд аз 3 мавсими ноком Робинию ба “Манчестер Сити” гузашт.

Уэсли Снейдер баъд аз Робинию соҳиби ин пироҳан шуд. Снейдер танҳо мавсими аввал бозии хуб нишон дод. Дар мавсими дуюм 22 бор ба майдон баромада, танҳо 2 гол зада тавонист. Пас аз ин соли номуваффақ Снейдер ба “Интер”-и Италия рафт.

Аз Диарра то Озил

Шуруъ аз соли 2009 пироҳани рақами 10 насиби Лассана Диарраи фаронсавӣ гардид. Ҳамин тариқ бар хилофи таомулҳо акнун соҳибони ин пироҳан на футболбозони хати ҳамла, балки бозикунони маркази майдон буданд. Бори гарони даста дар китфони Диарра буд, ҳамлаҳои рақибонро дар маркази майдон бармегардонд, вале монанди Снейдеру Фигу мухлисонро ба ваҷд оварда наметавонист.

Дар мавсими 2011-12 ин пироҳан ба Месут Озил, боз як футболбози хати марказу бозисоз расид. Тули 2 сол Озил таҳти ин рақам бозӣ кард, вале муҳаббати мухлисонро ба даст оварда натавонист. Соли 2013 Озил ба “Арсенал” гузашт ва пироҳани рақами 10 як мавсим “бесоҳиб” монд. Тааҷҷубовар аст, ки маҳз дар ҳамин мавсим, “Реал” бори 10-ум “Лигаи чемпионҳо”-ро ба даст оварда буд, вале бе футболбози рақами 10.

(давом дорад)


Сармоя ва нерӯ дар футбол ақлу ҳушро мегирад?

Рақами футболбозон ба худ маънои хос дорад

“Ла Масия” бештар аз академияи муқаррарӣ аст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s