Усулҳои ором кардани кӯдаки гирён

Баъзан кӯдакон чунон инҷиқӣ карда, гиря мекунанд, ки волидайн дасту по мехӯранд. Хусусан чунин ҳолат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ касро дар хиҷолат мемонад. Дар ин матлаб барои ҳалли ин масъала тавсияҳои муфид оварда шудаанд:

Диққаташро ба дигар чиз равона созед

Диққати кӯдаки гирёнро бо усулҳои гуногун ба дигар чиз ҷалб кардан мумкин аст:
– Диққаташро ба ашёи шавқоваре равона созед, ки кӯдак то ин дам онро надидааст;
– Ба кӯдак суоли душвор дода, дар якҷоягӣ ҷавобашро ёбед. Масалан: “Оё ту медонӣ, ин кадом тамғаи мошин аст?”

Бо ашёи маъмулии дастрас ӯро овора кунед

Агар гиряи кӯдак сабаби ҷиддӣ надошта бошаду танҳо нозунузи кӯдакона иборат аст, мӯйхушккунакро ба даст гирифта, ҳазломез гӯед: “Ана, ҳозир оби дидаи туро хушк мекунем!” ва ғ.

Суханони ҳиссии кӯдакро хуш қабул намоед

Кӯдакон ҳангоми гиря кардан ба эҳсосоти ҳақиқӣ дода мешаванд. Барои ҳамин дар ин ҳолат ба онҳо “нозунуз накун, инҷиқӣ макун” барин суханҳо нагӯед. Ба ҷои ин кӯшиш кунед, ки ба кӯдак кумак расонед. Рӯ ба рӯ нишаста, дарди ӯро гӯш кунед, ба оғӯш гирифта, тасаллӣ диҳед.

Кӯдакро ба оғӯш гиред

Баъзан кӯдакон доду фиғон бароварда, касеро гӯш намекунанд. Дар чунин ҳолат ба кӯдак овоз баланд карда, аз ӯ хомӯшӣ талаб накунед, зеро бо ин амал шумо натиҷаи хуб ба даст намеоред. Бар ивази ин амалҳои зеринро ба ҷо оред:
– Кӯдакро ба оғӯш гиред;
– Суол надиҳед, зеро суханҳо ба мағзи сари кӯдак фишори иловагӣ медиҳанд;
– Беҳтараш дар чунин ҳолат хомӯш бошед;
– Нафаси чуқуру дуруст кашед;
– Кӯдакро сила кунед;
– Бигзор гириста, дилашро холӣ кунад;
– Пас аз чанде бо суханони тасаллобахш ором кунедаш;
– Ба кӯдак об диҳед, то ки нӯшида, ором шавад;
– Пас аз ором шудани ӯ вазъиятро муҳокима кунед.

Роҳҳои пешгирии нозунуз ва инҷиқӣ

– Реҷаи рӯзро риоя кунед. Аксар вақт сабаби инҷиқии кӯдак аз ҳад зиёд мондашавӣ, гуруснагӣ, ҳаракати зиёд ва бозиҳои тӯлонӣ буда метавонанд. Барои ҳамин хӯрдану нушидан, хоб ва бозӣ кардани кӯдак бояд меъёр дошта бошанд;

– Ба кӯдак ҳамаи чизро яку якбора манъ накунед. Фаҳмонед, ки кадом амалҳо барои чӣ ба ӯ манъ аст. Масалан, чойники гармро расидан мумнин нест, зеро бо ин амал ӯ метавонад дасти худро сӯзонад;

– Кӯдакро ба ин ё он кор маҷбур накарда, ҳуқуқи интихоб карданро диҳед. Агар амалеро иҷро кардан нахоҳад, варианти алтернативиро пешниҳод намоед;

– Кори дилгиркунандаро ба бозӣ табдил диҳед. Масалан, агар кӯдак бозичаҳоро ғундоштан нахоҳад, ба ӯ “Кани, ки бештар бозичаҳоро ғун медорад, ман ё ту?” гӯён, фазои мусобиқаро фароҳам оваред;

– Ба хоҳишҳои кӯдак дарҳол ҷавоби рад надиҳед. Ба ҷои он аз агар имкон шавад, шояд, дертар барин суханон кор баред;

– Агар кӯдак аз иҷрои амале саркашӣ кунад, исрор накунед. Пас аз муддате боз бо лаҳни дигар хоҳиши худро такрор намоед.

–таҳияи Саид Муъмин


Агар кӯдак рашк мекарда бошад

Кӯдак ва дилтангӣ

Тарбияи дуруст аз оила сарчашма мегирад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s