Хамес Родригес
Хамес Родригес футболбози мунтахаби Колумбия баъд аз бозии олӣ дар “Ҷоми Ҷаҳон‐2014” дар ҳайати миллии кишвараш ба тими “шоҳона” гузариш кард. Хамес ҳам дар ҳайати тими мунтахаб ва ҳам дастаи пешинааш “Монако” пироҳани рақами 10 мепӯшид. Пас аз рафтани Озил, ки ин пироҳан бекор буд, бемамоният насиби футболбози колумбиягӣ гардид. Ду соли аввал Хамес хуб бозӣ кард, вале бо омадани Зидан ба тадриҷ шонси бозикуниро аз даст дод. Зидан дар хати ҳамла сегонаи Бензема‐Бейл‐Роналдуро тарҷеҳ дод ва замоне, ки Бейл ҷароҳат бардошт, сармураббӣ ӯро бо Иско иваз намуд. Ҳамин тавр баъд аз се сол Хамес Родригес тобистони имсол барои ду сол ҳамчун бозингари кироя ба дастаи “Бавария”-и Олмон гузашт.
Лука Модрич
Акнун аз мавсими ҷадид футболбози хорватӣ Лука Модрич таҳти рақами 10 ба майдон хоҳад баромад. Таваҷҷӯҳ кунед, ки тайи 20 соли охир ин пироҳан танҳо насиби футболбозони хориҷӣ гардидааст: К. Зедорф, Снайдер, Фигу, Робинию, Диарра, Озил, Хамес ва акнун футболбзои хорватӣ. Барои Лука Модрич дар ҳайати “Реал”-и Мадрид мавсими 6‐ум хоҳад буд. Роҳбарият ва мухлисони “Реал” умедворанд, ки Модрич бо устуворӣ ва маҳорати зебои худ метавонад он тилисми наҳсе, ки болои ин пироҳан нишастааст, бишканад. Ба Лука Модрич ва тими “Реал” дар мавсими нав муваффақият хоҳонем!
–таҳияи Достиев Неъмат