Таассуб марази бисёр бадест, ки ба ҳар ҷо сироят мекунад. Он аз ҷумлаи масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи мо дар ҳамин шабу рӯз ба ҳисоб меравад. Баромади ин калима аз забони арабӣ буда, маънояш тарафдории кӯркӯрона аз чизе, касе ё назарияву ақидае мебошад. Таассуб он аст, ки мо ин ё он масъаларо, бе он ки сару бар ва пасу пешашро бисанҷем, онро дар доираи фаҳмиш ва табъу хости дили худамон амалӣ мекунем. Боз таассуб гуфта навъи якравие ҳам фаҳмида мешавад, ки дар хусуси масъалаҳои ба ақл мухолиф ва ба рӯҳи дин мувофиқат накунанда ба миён гузошта мешавад. Инчунин, таассуб як шакли рафторест, ки тамоман бар асоси ҳиссу асабоният бино шуда ва эҳсосест, ки аз ҷисмоният ва ҳайвоният ғизо гирифта, аз ботин ба берун нуфӯз кардааст.
Таассуб рафтори аз мантиқ ва муҳокима дур мебошад. Аз ин ҷост, ки шахси мутаассибро аз рӯи ақлу мантиқ амал карданаш имкон надорад ва мутаассиб ба як ҳиссиёте, ки ба виҷдони кас хитоб мекунанд, низ бегона аст. Мутаассиб ё таассубгарро дар гуфтор бо калимаҳои тундгаро, ифротӣ, ифротгаро, радикал, фанат ва ғайра ҳам ифода мекунанд.
Зимнан, таассуб дар ҳар самту соҳа буда метавонад. Масалан, яке сирф дар хусуси масоили сиёсӣ таассуб дорад, яке дигар дар бораи масъалаҳое, ки ба фарҳанг алоқаманданд, каси дигар сирф ба масоили динӣ ва шариат. Аз ин ҷост, ки таассубро ба таассуби сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, илмӣ ва ғайра ҷудо мекунанд.