Агар кӯдак рашк мекарда бошад (2)

Барои чӣ рашк мекунад?

– Кӯдак дар марҳилаҳои гуногуни рушди ҷисмониву равонӣ рашкин мешавад. Бахусус, кӯдаки 3-сола ашёву либоса, бозичаҳо, хӯрок ва афроди оилаашро ба дигарон рашк мекунад, зеро дар ӯ ҳоло идроки бо дигарон тақсим кардан инкишоф наёфтааст. Агар касе ашёву бозичаи ӯро расад ё гирад, дарҳол рашк карда, асабӣ мешавад ва ин ҳолат барои ин синну сол табииву муқаррарӣ аст;

– Одатан дар фарзандони якум нисбат ба бародарону хоҳаронаш ҳисси рашк кардан бештар дида мешавад. Азбаски имтиёзи аввалин кӯдаки оила будан, дар солҳои аввали таваллудаш танҳо ӯро бо меҳру шафқати падару модар иҳота мекунад, дар симои бародарону хоҳаронаш рақибро пазируфта, қабул кардан намехоҳад, ки минбаъд он муҳаббату эътиборро бо касеи дигар ҳам тақсим намояд. Аз ин рӯ волидайн бояд бо гуфтор ва рафтори мувофиқ кӯдаки аввалиро таскин бахшида, аз ваҳму хаёли “ашёи ба як сӯ партофташуда” раҳо кунанд;

– Кӯдакро бинобар таваллуди фарзанди дуюмӣ аз ҳама чиз маҳрум кардан, ё барои таскин бахшидан ҳар орзуву хосташро ба ҷой овардан амали оқилона нест ва ин ҳолат метавонад ҳисси рашкро дар ӯ боз ҳам бештар таҳрик кунад.

Аломатҳои рашкин шудани кӯдак

– Кӯдаки рашкин ба рафторҳои ноҷо даст мезанад, хомхоба мешавад, бо ҳар баҳонаи ночиз хашмгин мешавад, зиёд гиря мекунад, дод мезанад. Бинобар ин кӯдаки рашкин доим азияти равонӣ мекашад. Ӯ ба кумаки волидайн ва афроди оила муҳтоҷ аст;

– Ҳамроҳи падар ва модараш хоб кардан мехоҳад;

– Доим мехоҳад, ки диққати атрофиёнро ба худ ҷалб кунад;

– Боз эзорашро тар мекунад, сина макидан мехоҳад, ангушташро макида, дониста рафтор ва гуфторҳои тифлонаро ба ҷой меорад;

– Ба бародар ва хоҳари хурдияш зарар мерасонад;

– Диққат ва таваҷҷуҳи доимии падару модарашро талаб мекунад.

(давом дорад)


Усулҳои ором кардани кӯдаки гирён

Кӯдак ва дилтангӣ

Агар кӯдак нохун мегазида бошад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s