Таассубро, ки ҳамчун рафтори ношоиста, ҳиссиёти нохуш ва хислати нописанд аст, одати даврони ҷоҳилият ном мебаранд. Таассуб дар ҳар минтақа ва кишваре ба назар мерасад. Он ҳамчун як навъи беморӣ ба одамони соҳиби ақидаву назари гуногун сироят карда метавонад. Ҳатто дар нафарони диндор ҳам таассубро мушоҳида мекунед. Чунонки онҳо на аз барои ризои Худо, балки ба хотири ҳифзи донишҳои ибтидоии худашон амал карда, ҳар масъаларо дар чорчӯбаи танги биниши хеш баҳо медиҳанд ва баррасӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, ба як қатор масъалаҳои ҷузъӣ муносибати қотеъона, оштинопазир ва ҳатто гуфтан мумкин, хашин нишон медиҳанд.
Масалан, имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни дунё одамоне, ки ба миёнашон бомба баста, худро дар миёни издиҳом метарконанд, натиҷаи ҳамин гуна як таассуби кӯркӯрона аст. Онҳо ақидаи радикалии худро ҳақ гумон мекунанд ва ба хотири он тайёранд, худро қурбон кунанд. Ҳол он ки “ҳақиқат”-и шинохтаи онҳо ба шинохти миллионҳо нафар сокинони сайёра мухолиф аст. Ин худкушҳо ба хотири татбиқи ақидаи ғалати хеш ҳаёти маънавиашонро ба нобудӣ мерасонанд, боз ҷони чандин бечораи бегуноҳро, занону кӯдаконро мерабоянд.
Дар замони ҳозира бештар ҷавонон ақидаҳои худро дар ин ё он хусус бо оҳанги нисбатан тунд баён мекунанд. Ба ибораи дигар, андешаҳои тунд ва таассубро бештар дар ҷавонон вомехӯред. Баъзе ҷавононро ҳарчанд дониш ва таҷрибаашон дар хусуси масоили гуногун ва ҳассоси ҳаётӣ каму ночиз аст, бо вуҷуди ин, талош мекунанд, ҳамон ақидаи носаҳеҳи худро ба дигарон талқин кунанд. Мехоҳанд дигарон низ мисли онҳо фикр кунанд ва ҷаҳонро аз зовияи онҳо бубинанд. Бинобар ин, дар хусуси масъалаҳои алоҳида ба дараҷаи ифрот якравию пойфишорӣ мекунанд. Ин бошад, ақидаи дигаронро тамоман қадр накардан, танҳо аз рӯи фикри худ амал кардан ва ҳама чиро ба нафси хеш вобаста карда аз рӯи он амал карданро мефаҳмонад.
Таассуб, бегуфтугӯ, зиёновар аст, бинобар ин зарур аст, ба ҷои он тамкину таҳаммулпазир бошем ва ақидаи дигаронро, мавқеи онҳоро низ эҳтиром намоем.
– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”