Агар кӯдак рашк мекарда бошад (3)

Чӣ бояд кард?

Ҳадаф аз тавсияҳои зерин аз байн бурдани ҳисси рашккунии кӯдак нест, балки тарбия намудан ва муайян кардани сабабҳои ба миён омадани чунин эҳсосот мебошад. Зеро рашк кардан низ як ҷанбаи шахсияти нотакрори одамӣ аст. Инсон бояд ҳисси рашккунӣ дошта бошад ва аз он афзалтар, онро бояд аз таъсирҳои нафсонӣ раҳо карда, зери идораи ақли солим қарор бидиҳад. Аз ин рӯ лозим меояд:

– Кӯдакро ҳаргиз бо дигарон муқоиса накунед;

– Дар рафтор ва гуфтор бо кӯдак эътидолро риоя намоед. Аз ин рӯ изҳори меҳру муҳаббат ва ё ба ғазаб омадану сахтгир шудан, ба ҳадди ифрот нарасад. Дар баробари ин волидайн дар робитаи миёни худ ва кӯдак ҳудуди интизомро муайян кунанд;

– Миёни кӯдакон, новобаста ба синну сол ва ҷинсият, фарқгузорӣ накунед;

– Агар бародари калонӣ хоҳар ё бародари хурдияшро рашк мекарда бошад, ҳангоми хӯрок хӯрдан волидайн ба ӯ низ таклиф кунанд, ки хурдиро ҳамроҳ хӯрок диҳанд. Ҳамин тавр фарзанди калонӣ низ бетаваҷҷуҳ намемонад;

– Аз хотир набароред, кӯдаке, ки худро нодаркор ва беаҳамият эҳсос мекунад, зуд рашкин мешавад. Кӯдаконе, ки худро як қисми томи оила медонанд ва аз муҳаббти волидайн бархӯрдоранд, бо бародарону хоҳаронашон низ қулай робита сохта, ҳамдигарро қадр мекунанд. Аз ин рӯ дар онҳо шахсияти соҳибэътиборро тарбия диҳед;

– Агар волидайн доимо ба яке аз кӯдакон аҳамият дода, одатан бо ӯ овораву машғул мешаванд, пас, онҳо бояд чунин рафтори худро аз назар гузаронида, кӯшиш намоянд, ки тамоми фарзандони оила бетаваҷҷуҳ ва маҳрум аз меҳру муҳаббат набошанд;

– Волидайн ҳаргиз фарзандонашонро бо ҳамдигар муқоиса накунанд. Чунин қиёскуниҳо барои онҳо мисли заҳр аст. Ва ин “заҳр” миёни бародарону хоҳарон ҳисси рақобати манфӣ ва рашк карданро афзоиш медиҳад. Ҳамчунин қиёс кардани фарзандон дар онҳо ҳисси ноқисиву залилиро инкишоф медиҳад. Ҳамин тавр кӯдак соҳиби шахсияти ноустувор мегардад. Ва ҳам аз хотир набароред, ки ҳар кӯдак соҳиби шахсияти хос ва ягон аст. Ӯро бо дигарон қиёс кардан ишора аз ноқисулақлии қиёскунанда мебошад;

– Агар имкон бошад, ҳуҷраҳои фарзандонро аз ҳам ҷудо кунед ва ё ҳеҷ набошад, ҷевони либоса ва маконҳои ашёгузорияшонро алоҳида кунед;

– Онҳоро аз ҳамдигар либосҳои фарқкунандапӯшонед.


Агар кӯдак дурӯғ мегуфта бошад

Тарбияи ахлоқии кӯдак

Кӯдак ва маънавият

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s