Олами махфии масонҳо

Китоб: “Утраченный символ”

Муаллиф: Дэн Браун

Нашриёт: Издательство АСТ, соли 2015

Теъдоди саҳифа: 572

Забони китоб: русӣ


Дэн Браун яке аз романнависони машҳур ва муваффақи адабиёти муосири олам ба ҳисоб меравад. Асарҳои навиштаи ӯ аз ҳақиқат илҳом гирифта, дар омезиш бо дониш ва фактҳои таърихӣ хонандаро аз сатрҳои аввалин ба худ ҷалб мекунанд. Пештар дар Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” доир ба яке аз чунин асарҳояш маълумот дода будем. Инак, хостем дар бораи боз як бестселлери ин муаллиф – “Утраченный символ”, ки дар рӯзи аввали нашр беш аз 1 миллион нусха харида шуд, маълумот диҳем.

Романи сеюми Дэн Браун – “Утраченный символ” яке аз саргузаштҳои олим, муҳаққиқ ва профессор Роберт Лэнгдонро ҳикоят мекунад. Инак Лэнгдон дар пайи наҷот додани дӯст ва рафиқи деринааш ба олами махфии масонҳо ғӯтта мезанад. Ӯ пайи ҳам рамз ва асрори масонҳоро, ки асрҳои зиёд боз пинҳонӣ фаъолият карда, тақдири башариятро таъсиррасон шудаанд, кашф намуда, қадам ба қадам ба мақсудаш мерасад. Хонанда дар баробари шавқу завқи зиёд гирифтан, ҳамчунин доир ба умури ин тариқати махуф маълумот гирифта, худро дар замон ва саҳифаҳои гуногуни таърихӣ пайдо мекунад.

Хониши китоби “Утраченный символ” ба ҷӯяндагони моҷаро, таърихшиносон, диншиносон, ҷомеашиносон ва ҳар нафари соҳибзавқ тавсия карда мешавад.


Олами рӯҳии судхӯрон

Бозии гургони мешмонанд

Тавсифи психологии ҷиноят

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s