Оқил ва соҳибирода сигоркаш буда наметавонад!

Доир ба зарар ва таъсирҳои манфии сигоркашӣ илму соҳаҳои гуногун таҳқиқоти зиёд гузаронидаанд. Ва ҳар соҳибақл аллакай огоҳ аст, ки дар таркиби дуди ин моддаи наҳс на кам аз 196 элементи заҳролуд мавҷуд аст, ки никотин ва аммиак танҳо дутои аз онҳо мебошанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки сигоркаш ба атрофиёну наздиконаш зарари бештар мерасонад. Аз 196 элементи мазкур 14-тои он ба гурӯҳи моддаҳои нашъадор дохил мешаванд. Пас, сигоркашро бе ягон калавиш нашъаманд низ номидан мумкин аст.

Ҳар боре ки кас дуди сигорро ба дохил мекашад, рагҳои хунгард ва роҳҳои нафаскашӣ бинобар таъсири он гирифтори ташаннуҷ ва инқибоз (спазм) мегарданд. Бинобар таҳқиқот муайян шудааст, ки организми сигоркаш дар як сол на кам аз 120 ҳазор чунин ташаннуҷҳоро аз сар мегузаронад. Ин гуна фишорҳои иҷборӣ ба дил, раг ва роҳҳои нафаскашӣ ҷисми одамиро хароб карда, онро қадам ба қадам ба оғӯши марг ҳавола мекунанд. Пас, сигоркашро бе ягон шубҳа худкуш ҳам номидан мумкин аст, зеро ин нафар дидаву дониста ба худ зарари ҳалокатбор мерасонад.

smoking

Нафароне, ки аллакай солҳои тӯлонӣ боз сигор мекашанд, ҳар кашиши он рагҳои хунгардро ба танг меорад ва узвҳои бадан гирифтори бемории қаросон (гангрена) мешаванд. Азбаски ташаннуҷҳои зиёди рагҳои хунгард деворҳои рагҳоро тунук карда, онҳоро бо ҳам мечаспонанд, дар натиҷаи вайрон шудани гардиши хун узв карахту беҳис ва сиёҳ шуда мепӯсад. Аз ин рӯ чунин узви пӯсидаи баданро бурида мепартоянд.

Яке аз дарвозабонони машҳури олами футбол – Лев Яшин ҳамчун сигоркаши ашаддӣ низ шинохта мешуд. Ӯ аз синни 13-солагӣ ба сигоркашӣ тобеият пайдо карда, ин одати бад аллакай дар синни 56-солагӣ Яшинро аз ду пой маҳрум карда буд.

– Ҷабборов Далер


Кӯдакро чӣ гуна аз сигоркашӣ ҳифз намоем?

Нос – бадбӯӣ ё кайфияти замона?

Занҷирро машикан!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s