Дар баробари сол аз сол ба воя расидан, дар кӯдак нисбат ба баъзе ҳолатҳо ваҳму тарс (фобия) пайдо мешавад. Ба миён омадани ин навъ эҳсосот фитрӣ аст ва гузашта аз ин, барои рушди солими равонияш лозим мебошанд.
Кӯдакони 1 ва 2-сола бештар аз шустушӯ ва ҳаммом кардан метарсанд. Ҳамчунин дур мондан ё ҷудо шудан аз падар ва модар низ яке аз ваҳмҳои асосии кӯдак ба ҳисоб меравад. Илова ба ин дар як макон ҳамроҳи ношиносон қарор гирифтан низ кӯдакро безобита намуда, дар дилаш ваҳмро ҷой мекунад.
Кӯдакони аз 3 то 5-сола одатан аз торикӣ, ҳайвонот, ҳашарот, амнияти худ ва аз даст додани эътимоди волидайн тарсу ваҳм доранд.
Кӯдакони 6-7-сола бошанд бештар аз афроди ношинос, раъду барқи шабонгаҳ, марг, аз даст додани падару модар, эҳтимоли ба вуқӯ пайвастани ҳолати таҳлукаовар дар давоми рӯз ва ҳамчунин аз торикӣ зиёд метарсанд.
Ҳамчунин ба рӯйхати ваҳму тарси кӯдак ҳолатҳои мазкурро низ илова намудан мумкин аст: ба ҷойи наву ношинос кӯчидани афроди оила, иваз намудани муассисаи таълимӣ, марги афроди оила, ба фалокат дучор шудани хешу наздикон ва ҷароҳат бардоштан.
Бояд қайд кард, ки нисбат ин навъ ҳолатҳо ваҳм доштани кӯдак фитрӣ аст. Эҳсосот нисбат ба ин намуд ҳолатҳо дар вай як навъ масунияти огоҳкунанда ва худҳимоякунандаро инкишоф медиҳанд. Вале эҳсосоти мазкур муваққатӣ мебошанд, зеро дар баробари эътимод пайдо кардану унс гирифтани кӯдак бо вазъ, макон, нафарон ва ғайра ҳолатҳо, тарсу ваҳм аз байн меравад. Ҳамчунин ҳисси эътимод ва амн, ки кӯдак бояд онро аз волидайн эҳсос кунад, барои ҳар чӣ тезтару солимтар паси сар кардани ин гуна тарсу ваҳм фоидабахш хоҳад буд.