iPhone тавонист дар 10 сол масири ҳаётро бакуллӣ иваз намояд (1)

Таърихи 12-уми сентябр ширкати Apple як қатор ҷиҳозҳои навинашро тақдими ҳаводорони олами технология гардонид, ки интизор аст, телефони мобилии навбатияш бо номи iPhone X яке аз маҳбубтарин ҷиҳозҳои электронии сол гардад. Дар баробари ин коршиносон бар ин назаранд, ки навгониҳову таҳқиқоти ширкати Apple дар ҷодаи ҷиҳозҳои мобилӣ тавонист масири дунёро бакуллӣ иваз намуда, 10 соли охири ҳаёти башариро рангинтар сохта, хизматрасонии мобилӣ-интернетиро ба савияҳои баъдӣ роҳбалад гардад. Тафсилоти бештарро метавон аз сомонаи расмии ширкати Apple дастрас намуд. Мо бошем, хостем доир ба навгониҳои вориднамудаи ширкат зикр намоем, ки тӯли 10 соли мавҷудияти iPhone бозори технологиро такон додаанд. Сомонаи таҳқиқотии технологии Recode доир ба ин мавзӯъ чунин қайд мекунад, ки ҷолиб аст:

Интернет дастраси ҳамагон шуд

Технологияҳои барномавии iPhone тавонистанд интернетро дастрас гардонида, онро дар кисаи ҳама ҷо кунанд. Маҳз телефони мобилии iPhone бо экрани ламсӣ (сенсорӣ) теъдоди истифодабарандагони шабакаҳои интернетиро зиёд гардонад. Бинобар ин истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ низ авҷ гирифта, ба алоқаи фосилавӣ суръат бахшид.

Аксбардориро аз амалҳои касбӣ бароварда, ба тарзи зиндагонӣ табдил дод

Агар соли 2011 50%-и аскҳои бардошташуда тариқи ҷиҳозҳои мобилӣ буданд, дар соли 2017 ин нишондод 85%-ро ташкил додааст. Сомонаи иҷтимоӣ-хизматрасонии Instagram аллакай яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти аксбардорӣ гаштааст. iPhone усул ва фарҳанги аксбардориро бакуллӣ иваз намуд, ки онро фарҳанги аксбардории мобилӣ номидан мумкин аст. Вале то чӣ андоза ин фарҳанг ба пешрафти ахлоқ ва фарҳангии ҳақиқии ҷомеа фоидабахш буда метавонад, вақт нишон медиҳад. Зеро нафарони гурбадӯстдор ва онҳое, ки то хӯроки мехӯрдаашонро сурат гирифта ба интернет “напартоянд”, ором намешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегардад.

AppStore меъёри барноманависиро иваз намуд

Вақте телефони iPhone аввалин бор моҳи июни соли 2007 тақдим гардид, дар мағозаи виртуалии AppStore ҳамагӣ 500 номгӯи барнома-замима мавҷуд буд. Вале имрӯз бошад, ин нишондод 2,1 миллион ададро ташкил медиҳад. Дар мағозаи Google Play бошад, анқариб 3,5 миллион адад барнома-замима пешкаши истифодабарандагон шудаанд. Бешубҳа, барноманависон аз ҳисоби пешрафти босуръати олами технологияи мобилӣ имрӯз ризқи худро таъмин менамоянд. Ва яке аз сабабгорони асосии чунин пешрафт ширкати Apple мебошад.

Барнома-замимаҳои iPhone ба одат ва усули корӣ низ таъсир расонидаанд

Усули кории freelance, ки фарди ҷомеаро имкони озод ба танзим даровардани вақти кории шахсиро бахшидааст, яке аз дастовардҳои муҳими касбӣ ба ҳисоб меравад. Аз он рӯзе, ки интернет дастраси ҳамагон гардид, усули кории freelance низ рушд намуд. Ва саҳми ҷиҳозҳои ламсӣ дар ин ҷода, бахусус iPhone, назаррас аст.

(давом дорад)


Дания – кишвари дар ҷамъ аз ду вилояти Тоҷикистон хурдтар, вале…

Италиягиҳо солимтарин мардуми дунё дониста шуданд

Ҷиддият ва кор

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s