Агар кӯдак метарсида бошад…

– Агар тарсу ваҳми кӯдак “кӯдакона” бошад, ӯро кумак расонида, мушкилро ҳал намудан осонтар аст. Бо сабаби тарсу ваҳми доштааш ӯро масхара накунед ва аз болояш фишори равонӣ наоред;

– Тарсу ваҳмҳои кӯдакро саҳл нагиред. Ҳарчанд дар назари калонсолон тарсҳои “кӯдакона” ночиз менамоянд, вале барои хурдсолон чунин эҳсосот мушкили равонӣ эҷод мекунанд. Аз ин рӯ кӯдакро дилбардорӣ намуда, ӯро ором кунед. Бахусус волидайн нисбат ба ин ҳолати фарзанд бояд орифона ва оқилона рафтор кунанд;

– Дар баробари таскин кардани эҳсосоти кӯдак, ӯро ҷасорат бахшида, заминаи бо тарсу ваҳмҳояш рӯ ба рӯ шуданро омода созед. Вақте кӯдак дарк мекунад, ки тарсу ваҳмҳояш беасосанд, аз ин гуна эҳсосот раҳо меёбад. Ҳамин тавр қадам ба қадам ба камолоти равонӣ расида, нисбат ба тарсу ваҳмҳои солҳои баъдӣ пайдомешуда низ “масуният” ба даст меорад;

– Фарз кардем, агар кӯдак аз торикӣ метарсида бошад, шабонгаҳ чароғи хоначаашро хомӯш намуда, даме ҳамроҳаш нишинед. Дар баробари ин бо кӯдак ҳамсӯҳбат шавед, ба ӯ афсона нақл кунед ва ё бигзор ӯ фаъол бошаду доир ба рӯзи сипаришуда ҳикоят кунад, волидайн ӯро гӯш кунанд. Ҳамин тавр тамаркузи кӯдак ба сӯи дигар равона карда мешавад ва хаёлан аз тарсу ваҳмаш раҳо меёбад;

– Кӯдак бояд ҳар доим кумак ва дастгирии волидайнро ҳис кунад. Вақте кӯдак мутмаин аст ки ӯро доим дастгирӣ мекунанд, ҳар гуна мушкилро осонтар паси сар намуда, фитрати ба худ хосро тарбия медиҳад. Ба эҳсосоти кӯдак гӯш диҳед;

– Азбаски тарсу ваҳм аслан дар хаёлҳои кӯдак мавҷуд аст, ӯро аз ангезаҳои манфӣ дур нигоҳ доред. Бахусус ӯро аз аксу наворҳои шиддатовар, ваҳмангез ва саҳмгин барӣ нигоҳ доред;

– Калонсолон нисбат ба вазъу ҳолатҳои гуногуни рӯзмарра аксуламалҳои манфӣ нишон надиҳанд. Агар калонсолон нисбат ба кӯдак ва ё дилхоҳ маврид дағал рафтор кунанд, ӯ тарсу мешавад;

– Дар назди кӯдак доир ба мавзӯъҳои даҳшатовар сухан накушоед. Яке аз равоншиносон доир ба хотироти кӯдакияш чунин иброз медорад: “Вақте хурдсол будам, боре модарам гуфтанд, ки дузд аз тиреза даромада, ба мо зарар мерасонад ва хонаро ғорат мекунад. Баъд аз ин суханони модарам, ман солҳои зиёд, ҳар вақте ба сӯи тиреза нигоҳ мекардам, ба ёдам он суханон меомаданд ва маро тарс фаро мегирифт”.


Кӯдак ва тарсу ваҳм

Агар кӯдак рашк мекарда бошад

Усулҳои ором кардани кӯдаки гирён

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s