iPhone тавонист дар 10 сол масири ҳаётро бакуллӣ иваз намояд (2)

Пайдоиши телефонҳои мобилӣ ба фурӯши сақич ва қанд низ таъсир расонидааст

Ҳамакнун одамон ҳангоми навбат пойидан ва ё мунтазир шудан, сақич намехоянду қанд намемаканд. Онҳо овораи телефонҳои мобилияшон мешаванд. Оё медонед, ки аз соли 2007 бад-ин сӯ фурӯши сақич 15% коҳиш ёфтааст?

ВАО ва ҷиҳозҳои мобилӣ

Ба туфайли ҷиҳозҳои мобилии ламсӣ дастрасӣ ва истифода аз васоити ахбор қулайтар ва босуръаттар гаштааст. Кор то ҷое расидааст, ки аллакай ин ҷиҳозҳо мақоми ҳафтаномаҳои муқаррарӣ ва телевизорро дар ин ҷода танг мекунанд.

Усули тарғибкуниро тағйир дод

Реклама ва усули тарғибкунии маҳсулот ва хизматрасонӣ тариқи ҷиҳозҳои мобилӣ босуръат рушд мекунад. Азбаски фарди муосири ҷомеа аксари вақташро болои экран мегузаронад, ширкатҳои тарғибкунанда маҷбур, роҳҳои нави шумулшавии рекламаи молу маҳсулотро дида мебароянд. Ва бешубҳа, рушди технологии ҷиҳозҳои мобилӣ дар шакли имрӯзаашон имкони хуберо барои рекламакунӣ ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, Google ва Facebook яке аз ширкатҳое мебошанд, ки аз ин вазъ бакуллӣ фоида мебинанд.

Даромади асосии ширкати Apple аз ҳисоби iPhone аст

iPod ва компютерҳои Mac муштариёни хоси худро дороанд, вале iPhone ҷиҳози мобилие бошад, ки сафи муҳиббонаш хеле зиёд аст. Аз ин лиҳоз фурӯши телефонҳои iPhone даромади молиявии ширкати Apple-ро хеле зиёд карда тавонист. Ҳоло 63%-и даромади ширкатро фурӯши iPhone ташкил медиҳад.

Маҳз iPhone тавонист Apple-ро ширкати гаронтарини олам кунад

Аввалин ширакти компютерие, ки тавонист каму беш мақоми Exxon ва General Electric барин девҳои саноатиро ба танг оварад, ширкати Microsoft буд. Вале танҳо баъд аз оғози фурӯши iPhone ширкати Apple тавонист, то ба имрӯз ҳамчун шоҳи мутлақи бозор дар тахт нишинад.

Ба Samsung ва Android роҳнамо шуд

Бе ягон шубҳа гуфтан мумкин аст, ки бо пайдоиши iPhone бозори телефонҳои оқил (смартфон) гарм шуд. Барои Samsung барин ширкатҳову Android барин барномаҳои мобилӣ замина ва ҳавзи муштариёну барномасозонро омода кард. Ҳамчунин iPhone дар гузашта пешбарони телефонҳои мобилиро ҳамчун Nokia ва Blackberry, ки ба навгониҳои замона ва талаботи бозор ҳамқадам шуда натавонистанд, аз байн бурд.


Дания – кишвари дар ҷамъ аз ду вилояти Тоҷикистон хурдтар, вале…

Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s