Ғазабӣ шудани кӯдак (1)

Дар синни аз 2 то 4-солагӣ гоҳ-гоҳ ғазабӣ шудани кӯдак муқаррарӣ аст ва ин гуна хуруҷ як ҷанбаи ба воярасии ӯ мебошад. Дар ин овон кӯдак кӯшиш мекунад, ки масъулиятро ба даст гирад, тавоноияшро нишон диҳад, диққати атрофиёнро ба худ ҷалб кунад ва малакаҳои омӯхтаашро нишон диҳад. Ва ҳар вақте ки амалҳои мазкурро ба ҷой овардан мехоҳад, бо муқовимати волидайн ва атрофиён рӯ ба рӯ мешавад, аз ин рӯ ғазабӣ шуда, замину осмонро ба дод меорад.

Афсӯс, аксар вақт ҳолати ғазабишавии кӯдак ба асаби волидайн расида, мовизинати рафтори падару модарро нисбат ба ӯ вайрон мекунад. Аз ҳад зиёд хуруҷи ғазаб дар кӯдак бояд волидайнро ба андеша орад, зеро ҳангоми ин гуна рафторҳои ногаҳонӣ, кӯдак ҳар ашёи дар даст ё атрофаш бударо ба тарафи одамон мепартояд, атрофиёнро таҳқир намуда, бо мушт ҳам мезанад. Гузашта аз ин, агар кӯдак ба ин навъ изҳори эҳсосоташ одат карда бошад, то ором шудан худашро мегазад ё сарашро ба девору замин мезанад.

Ҳангоми хуруҷи ғазаб дар кӯдак, роҳи муассиртарини ором намудани ӯ, ба ин гуна рафторҳояш ҳеҷ аҳамияту эътибор надодан аст. Волидайн дилсардона рафтор намуда, аз он макон дур шаванд. Ва ё кӯдакро ба оғӯш гиреду аз он макон берун кунед, ё дар ҳуҷрааш танҳо гузоред.

Агар кӯдак боз ҳам ором нашавад, пас ӯро дар оғӯш самимона маҳкам доред. Дилсардона ба чашмонаш нигоҳ кунед ва ё тамоман ба ӯ таваҷҷуҳ накунед. Ҳамин тавр то ором шуданаш, аз оғӯшатон раҳо накунед. Вақте ки кӯдак ором мешавад, ӯро каме раҳо кунеду сарашро сила намуда, изҳори меҳру шафқат кунед ва доир ба мушкилии доштааш бо ӯ сӯҳбат намоед: “Медонам, ки бинобар фалон масъала ғазабӣ шудӣ. Биё, оромона аз пайи ҳалли ин мушкилат шавем!”

Ҳангоми ба забон овардани ин гуна суханҳо, синну соли кӯдакро ба назар гирифта, муколамаи созандаро барпо намоед. Чӣ тавр қайд карда шуд, кӯдакро аввал ором кунед ва сипас бо ӯ бо лаҳни латифу ҷиддӣ сӯҳбат намоед. Ҳамчунин ба суханҳои ӯ гӯш дода, қадр кунед. Барои дуруст ифода карда тавонистани эҳсосот ва афкори манфияш ӯро кӯмак намоед. Кӯдак бояд ҳис кунад ва бидонад, ки волидайнаш ӯро дӯст медоранд ва барои ҳалли мушкилоташ доим омадаанд.

(давом дорад)


Агар кӯдак рашк мекарда бошад

Агар кӯдак метарсида бошад…

Усулҳои ором кардани кӯдаки гирён

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s