Озодии фикрӣ ва аҳамияти мутолиа

Пайдо кардани одати китобхонӣ, бахусус дар замони “таркиши технологӣ” боз ҳам душвортар гаштааст. Афсӯс, аз ин марази наҳс ҳеҷ як нафар эмин нест. То ҳатто муаллимону омӯзгорони муассиаҳои таълимии ибтидоӣ, миёна ва олӣ, ки бояд насли наврасро илҳомбахш бошанд, гирифтори ин мушкилӣ ҳастанд. Агар фард аз мутолиаи бардавому солим барӣ бошад, ин гуна ҷомеа бо карахтии фикрӣ ва хулосабарориҳои ғалат мувоҷеҳ мешавад. Ояндаи чунин ҷомеаи дар илму маърифат абтар рӯ ба нестӣ аст.

Ҳарчанд дар саросари кишварамон доир ба аҳамияти донишомӯзӣ ташвиқоти зиёд гузаронида мешаванд, вале то ҳол дар ин самт ҳеҷ пешравии назаррасе дида намешавад. Зеро ин изтиробро танҳо сарони давлат ва ҳукуматдорон эҳсос кардаанду халос. Дар сатҳи омма бошад, танҳо пажвоки он расида, ҳамчун боз як иқдоми навбатии ҳукуматӣ пазирфута мешавад. То фарди ҷомеа мустақилона ба дарки аҳамият ва масъулияти маърифатомӯзӣ ва донишомӯзӣ нарасад, халосӣ аз вартаи ҷаҳолат ва натиҷаи он – таассуби динӣ, илмӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва ғайра падидаҳои оровар гумон аст. Ҳарчанд дар Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” доир ба ин масъала матлабҳои зиёд навишта шудаанд, хостем бори дигар бо фарорасии соли нави таълим доир ба усули раҳоӣ аз ин доғи замона ёдовар шавем:

Пайдо кардани одат

Инсон китобхониро барои худ бояд ҳамчун одат касб кунад. Сараввал маҳз ҳамин шуур бояд тарбия ёбад. Ҳарчанд дар рӯзҳои аввали тарбияи чунин шуур ва касби мутолиа ба таври иҷборӣ сурат хоҳад гирифт, вале рӯзҳои баъдӣ ин одат ҳамчун тарзи гуфтор ва ҳар нисфирӯзӣ хӯрок хӯрдан муқаррарӣ хоҳад гашт. Мутолиаи барзиёди иҷборӣ касро ба рушди фикрӣ мерасонад. Ҳамин тавр ӯ баъд аз муддате нисбат ба донишомӯзӣ шавқу иштиёқи зиёд пайдо карда, минбаъд доир ба дилхоҳ соҳаи илмӣ ва мавзӯи лозима асарҳоро мутолиа намуда, дар сатҳи дониши энсеклопедӣ соҳиби маърифат мегардад. Ин гуна фарди ҷомеа дар фикру гуфтор ва ҳадафҳои пешгузоштааш усутувортар мешавад. Ва гумон мекунам, касе инкор ҳам намекунад, ки бо ин гуна нафари соҳибмаърифат вақт гузаронидан мақбултар ва шавқовартар аст.

Худро муваззаф шуморидан

Ҳарчанд дар аввали роҳ одати китобхонӣ ва мутолиа карда тавонистани дилхоҳ матн бо роҳи маҷбурикунии ихтиёрӣ сурат мегирад, вале бо гузашти сол ва ба рушди маънавию ҷисмонӣ расидани инсон, ба ӯҳдадории мутлақ табдил меёбад. Ва ин гуна ӯҳдадориро доим уснурҳои гуногуни ташвиқкунанда зинда нигоҳ медоранд. Зеро баъд аз солҳои зиёди мутолианамоӣ фарди ҷомеа соҳиби ҳадаф ва усули зисти муайян мегардад ва ин ҳолат дар ӯ фитратро ташаккул медиҳад. Минбаъд китобхон бе мутолиаи рӯзмарра зиста наметавонад. Китоб барояш мисли обу ҳаво лозим мешавад. Ӯ худро муваззаф меҳисобад, ки барои такмили бардавоми малакаҳои шахсӣ аз мутолиа холӣ намонад. Ва ин ҳолат ӯро завқи маънавӣ мебахшад. Ҳарчанд чунин ҳолати мастӣ барои “абтарон” ғарибу аҷиб менамояд, вале худи китобхон мафтуни ин одат мегардад.

Ба қадри вақт бирасед!

Вақт нисбӣ аст. Ҳар кӣ онро чӣ гуна гузаронад, ҳамон андоза баракат мебинад. Вақт ҳеҷ касро интизор нест. Он дар маҷрои худ равон аст. Вақт мисли киштӣ, қатора ё ҳавопаймое мебошад, ки дар замони муқарраршуда ҳаракат мекунад. Ҳар кӣ онро дарёфт, аз бартарияти он баҳра бардошта, ба мақсуд хоҳад расид. Аз ин рӯ вақти китобхонӣ низ бояд муқаррар бошад. Чун ҳамагон аз вақтгузаронии худ бараъло бархӯрдоранд, медонанд, ки дар кадом замон бо чӣ кор одатан машғул мешаванд. Бахусус, донишҷӯёну занони хонашин, нафарони ҳоло бекор ва ғайра ашхсое, ки дар давоми рӯз вақти фаровон доранд, бояд аз ин бартарияти вақт истифода карда, онро бо мутолиа сипарӣ кунанд. Ҳар чӣ бошад, он лаҳзаи ҳаёт гузаро аст ва оқилона гузаронидани чунин лаҳза муфидтар хоҳад буд.

Вале дар ин миён бояд қайд кард, ки бо ҳар гуна навиштаҷоту асарҳои холӣ аз маъно ва ҳатто ташвиқкунанадаи фаҳшу расвоӣ вақт гузаронидан, аблаҳӣ ва зарар аст. “Ҳар чӣ бошад, вақтамро бо мутолиа ва хониш мегузаронам!” гуфта, ба доми худфиребӣ наафтед.

Такмили ихтисос

Яке аз ҳадафҳои пайдо кардани одати китобхонӣ ва мутолиаи бардавоми асару матнҳои лозима бояд такмили ихтисос бошад. Ҳар фарди соҳибиродаву масъулиятшиноси ҷомеа машғули касбу коре мебошад. Ин касбу ихтисос ӯро сабаби ба даст овардани ризқу рӯзӣ мегардад. Пас, такмил додани маърифат ва донишҳои ихтисосӣ метавонад боиси боз ҳам барзиёд гардидани рӯзӣ шавад. Ҳар ҷое ҳаракат мавҷуд аст, онҷо нишона аз баракат ҳаст.

Фарди соҳибихтисос, ки бинобар ҳадаф ва ҷаҳди муассир ҳаёташро шакл медиҳад, ҳаргиз аз мутолиа дур буда наметавонад. Ва ин ҳолат новобаста ба доираи машғулият ва ихтисос ба ҳама дахл дорад. Агар соҳибихтисос ҳар ҳафтае як китоб доир ба касабааш бихонад, ин нишондод дар давоми сол ба на кам аз 50 адад асар баробар мешавад. Ҳеҷ гумон намекунам, нафаре, ки дар давоми сол доир ба ихтисосаш на кам аз 50 асар мутолиа мекунад, дар зинаҳои поёни иҷтимоӣ қарор бигираду ҳаёти қашшоқона гузаронад. Пас, мутолиаи давомнок боиси хайру баракати зиёд буда метавонад. Бахусус, агар донишҷӯ дар давоми 4 соли таҳсил ҳар ҳафтае як китоб бихонад, то хатми донишгоҳ ин адад 200 китобро ташкил хоҳад дод. Оё чунин донишҷӯ бо ин андозаи дониш дар вартаи ҳаёт роҳгум мезанад?

Муваффақ бошед, вале барои ин, сараввал китоберо ба даст гиред!


Сермутолиа ва огоҳ бошем!

Меҳри китобхониро аз овони тифлӣ ба дилаш ҷой кунед!

Усули тезхонии матн дастраси ҳамагон аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s