“Рушди солими кӯдак”-ро саҳл нагиред!

Китоб:“Рушди солими кӯдак”, ҷилди 1

Муаллиф: Шаҳнозаи Қурбоналӣ

Нашриёт: Дунёи дониш, соли 2017

Теъдоди саҳифа: 74

Забони китоб: тоҷикӣ


Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

–аз паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, соли 2015

Шаҳнозаи Қурбоналӣ – равоншинос, таҳиягар ва муаллифи китоби “Рушди солими кӯдак” дар дастури тозанашраш диққати хонандаро ба ҷанбаҳои муҳим ва асосии рушду бавоярасии солими кӯдак равона карда, бинобар арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ тарбия додани насли наврасро зикр мекунад. Новобаста ба он, ки ҳаҷми китоб хурд аст, дар он мавзӯъҳои рушди ҷисмонӣ, рушди равонӣ, раванди иҷтимоишавӣ ва инкишофи нутқи кӯдак барин масъалаҳои мураккаб аз сонияҳои аввали таваллудшавӣ то синни ҳафтсолагӣ ба таври содаву равон матраҳ гаштаанд. Равоншиноси ҷавон Шаҳнозаи Қурбоналӣ асосҳои дар китоб зикршударо аз қолаби назариявӣ бароварда, дар шакли амалия низ ба кор бурда, доир ба таҷрибаҳои шахсияш маълумотро ҷамъ овардааст.

“Рушди солими кӯдак” дастуре мебошад, ки метавонад аз таваллуд заминаи шуур ва идроки инсони комилро дар навзод парвариш диҳад. Тарбия намудани кӯдак ҳамчун фарди солиму оқили ҷомеа вазифаи на танҳо падару модар, балки масъулияти гарон ва пурарзише мебошад, ки ҳар муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдор бояд ба ӯҳда гиранд. Ҷомеа ва фарҳанги мумтоз танҳо бо тарбияи насли болаёқат имкон дорад. Ҳоло ки “Рушди солими кӯдак” ҷилди якуми силсила китоби сегона аст, умед дорем, асари мазкур ба дарди ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ мехӯрад.

Хониш ва мутолиаи китоби “Рушди солими кӯдак” ба падару модарон, омӯзгорон ва мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, кормандони маориф ва пажӯҳишгарону коршиносони соҳа тавсия карда мешавад.


Тарбияи шахсияти пешбар дар кӯдак

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s