Даҳаи умри инсонӣ

Муҳаққиқони Донишгоҳи Бостон ва Донишгоҳи Мичигани амрикоӣ барои муайян намудани солҳои пурсамартарини умри инсонӣ асарҳои автобиографии ашхоси муваффақтарин ва нафарони муассиртарини башариятро аз овони таваллуд то ба охири умрашон таҳқиқ кардаанд*. Дар натиҷа муҳаққиқон ба хулосае расиданд, ки замони тақдирҳалкунанда дар умри абармардон ба давраи аз 20 то 30-солагӣ рост омадааст.

Ҳарчанд ин гуна таҳқиқот нисбӣ аст ва бинобар умр ва фаъолияти аксарият ба инобат гирифта шудааст, аммо онро ҳамчун меъёри дақиқу ягона пазируфтан баҳсталаб мебошад. Вале натиҷаи он таҳқиқот, бешубҳа, то чӣ андоза муҳим будани даҳаи ҷавонии фарди ҷомеаро ба миён гузошта, давраи фаъолтаринро дарбар мегирад. Бинобар низоми муосири ҳаёти башарӣ, дар синни 20-солагӣ фард нисбатан мустақил шуда, аллакай донишҷӯ гашта, аз пайи ташаккули ҳаёти хеш мегардад. То синни 25-солагӣ ҷавонон соҳиби маълумоти олӣ гардида, қадамҳои аввалини хешро дар ҷодаи такмили ихтисоси интихобкарда мегузоранд. То синни 30-солагӣ, бахусус дар халқиятҳои осиёмиёнагӣ аксарият оиладор ва соҳиби фарзанд мешаванд. Маҳз ҳамин даҳаи умри инсонӣ кӣ? ва дар оянда бо чӣ? машғул гардидани касро муайян мекунад. Агар фарди ҷомеа то ба андозае худро ҳам ҷисман, ҳам ақлан ва ҳам маънан инкишоф дода, дар ҳаёт соҳиби ҳадаф ва уфуқи улвӣ гардад, то ба охири умр ҳамчун шикорчӣ аз пайи сайди хеш гашта, умри созандаро паси сар мекунад.

Ҳарчанд дар назар чунин вонамуд мешавад, ки дар баробари калонсолтар шудану ба рушди синнусолӣ расидан, бахусус баъд аз 30-солагӣ, мо худро мустақилтар ва аз таъсиру фишори атрофиён, ашё ва ҳодисот озодтар миҳосебм, вале чунин нест. Зеро баъд аз даҳаи пурсамар фарди ҷомеа одатан бо дониш ва малакаҳои дар 20 то 30-солагӣ касбкардааш иктифо намуда, ҳаёташро давом медиҳад. Дар ин синну сол кас соҳиби кори доимӣ гашта, кӯшиш мекунад, дар шуғлаш ҳирфаӣ гардад. Дар ин овон соҳибкорон одатан соҳиби ширкату муассисаҳои худ гардида, дар як самт дар пайи давом додани касби саркарда ва ё ислоҳ ва такмили он мешаванд. Минбаъд ҳар дам “корамро аз даст надиҳам” гӯён, лаҷоми худро ба пуррагӣ месупоранд.

Чун баъд аз 30-солагӣ ин нафар аллакай оила барпо намудаасту соҳиби насл аст, намехоҳад, ки чизе он минтақаи роҳаташро халалдор кунад. Аз ин рӯ аз пайи рушди фардӣ ва ҳадафҳои нав ба нав нагардида, бо мавҷуд иктифо мекунад. Ҳамин тавр ӯ бештар ба назар ва афкори атрофиён вобаста гардида, бинобар фишор ва раъйи онҳо ҳаёташро шакл медиҳад. Шахсияти озодфикру кошифе, ки замоне дар ботинаш мезисту аз пайи шинохт ва дарки ашёву ҳодисоти ин олам буд, батадриҷ мефавтад.

Ҳарчанд чунин рукуди синнусолӣ барои аксарият мақбул аст, вале барои ононе, ки дар ҳақиқат пас аз худ дар ин олам асаре гузоштан мехоҳанд ва ба назди Офаридгорашон бо дасти холӣ рафтанро барои худ ор медонанд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Зеро инсони комил, ки раванди камолоташро аз овони хурдӣ оғоз мекунад ва дар даҳаи ҷавонияш нисбатан такмилёфта мегардад, баъд аз 30-солагӣ барои ӯ замони амал фаро мерасад. Ҳамин тавр ӯ то ба охири умраш амон наёфта, барои беҳбуди башарият ва рушду инкишофи насли оянда азму ғайрат мекунад.

* W. R. Mackavey, J. E. Malley, A. J. Stewart. “Remembering Autobiographically Consequential Experiences: Content Analysis of Psychologists’ Accounts of Their Lives” / Psychology and Aging 6 (1991): 50-59.


Фалсафаи тиҷорат

Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Озодии фикрӣ ва аҳамияти мутолиа

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s