Ғазабӣ шудани кӯдак (2)

Чӣ бояд кард?

– Сараввал худи волидайн набояд бо рафторҳои манфияшон кӯдакро сарзаниш намуда, ғазабӣ шаванд. Кӯдак набояд шоҳиди муносибати бад миёни падар ва модар шавад;

– Агар миёни падар ва модар сардие пайдо гардад, он набояд кӯдакро таъсиррасон шавад. Волидайн ҳаргиз аксуламали мушкилиҳои хешро ба кӯдак ҳамл нанамоянд ва бинобар ин ӯро таҳқир накунанд;

– Агар кӯдак бо сабаби коре ва ё ҳолате ғазабӣ шавад, волидайн нисбати ӯ мушфиқона ва самимона рафтор намоянд. Ӯро кумак намуда, ҳамин тавр чӣ гуна рафтор карданро намуна бошанд;

– Падар ва модар ҳангоми муайян намудани қоидаву меъёрҳои рафтору гуфтор барои кӯдак, мувозинатро риоя намоянд ва дар ин самт миёни ҳам мувофиқа кунанд. Вақте ба хоҳиши кӯдак модар “Ҳа!” ва падар “Не!” мегӯяд, чунин духӯрагӣ метавонад кӯдакро асабӣ кунад;

– Аз ҳад зиёд ҳимоя кардан ва ё нисбати рафтори кӯдак тамоман бепарво будан, ба мувозинати тарбияи ӯ халал расонида, боиси ғазабӣ шуданаш мегардад. Волидайн аз ин гуна рафторҳои бемеъёр худдорӣ намоянд;

– Аксуламали волидайн нисбат ба амалу рафтори кӯдак, ки ҳоло бинобар синну сол анҷом додани онҳо барояш мушкил аст, боэътидол бошад. Падар ва модар ҳаргиз кӯдакро барои дар ин синну сол ноӯҳдабаро буданаш таҳқир накунанд;

– Ба хоҳиш ва талаботи кӯдаки ғазабӣ падару модар бо ғазаб ҷавоб нагӯянд. Волидайн дар рафтору гуфтор эътидолро риоя намуда, ором бошанд ва ҳар чӣ зудтар кӯдакро ҳам ором кунанд.


Модарони “ҳомӣ” ва фарзандони инҷиқ

Усули мақбул барои боинтизом ба воя расидани кӯдак

Чӣ гуна нафарон оиладор нашаванд?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s