Фирефтаи қолабҳои сохта шуда, ба мино барнахӯред!

Киштии ҳарбӣ чанд рӯзест, ки дар баҳри ноором тамринҳо мегузаронид. Офтоб аллакай ғуруб карда буду рӯз ба охир мерасид. Баҳрро туман фаро гирифт ва бинобар ҳавои тира атрофро назорат кардан душвор буд. Аз ин лиҳоз киштибон аз мақомаш дур нашуда, кору фаъолияти ҳайатро тафтиш мекард. Маллоҳи навбатдор ногаҳон эълон кард:
– Дар масири ҳаракати киштӣ чароғ дида мешавад!
– Чароғ ҳаракат мекунад ё қарор истодааст? – пурсон шуд киштибон.
– Дар ҷояш қарор дорад, ҷаноби киштибон! – ҳамоно посух дод маллоҳ.

Ин маънои онро дошт, ки агар ҷисми дар масири киштии ҳарбӣ қарордошта як сӯ ҳаракат накунад, онҳо ба ҳам бармехӯранд. Аз ин рӯ киштибон ба маллоҳи сигналдеҳ амр мекунад:
– Дарҳол киштии дар пеш қарордоштаро огоҳ кунед, ки агар аз масири мо як сӯ ҳаракат накунад, ба ҳам бармехӯрем. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки масирашонро 20 дараҷа иваз кунанд.

Дар ҷавоби огоҳ чунин омад:
– Беҳтар мешавад, ки киштии шумо масири ҳаракаташро 20 дараҷа иваз намояд!

Киштибон ба маллоҳи сигналдеҳ амр мекунад:
– Бигӯяш, ки ман сарфармондеҳ ҳастам, ҳар чӣ тезтар масири киштиятонро иваз намоед!
– Ман маллоҳи дараҷаи дуюмам, беҳтар мешавад, ки ҳар чӣ тезтар масири ҳаракататонро ба 20 дараҷа иваз намоед! – сигнали ҷавобӣ буд.

Сарфармондеҳи киштӣ аз ин посухи маллоҳи дараҷаи дуюм дар ҳайрат афтода, ба ғазаб омад ва фармуд, ки он киштии густохро бори охир огоҳ кунанд:
– Ман – киштии ҳарбӣ! Дарҳол масири ҳаракататонро ба 20 дараҷа иваз намоед!

Ҷавоби киштӣ, ки бо сигнали морзе огоҳ мекард, чунин буд:
– Ман – мино*!

Баъзан инсон фирефтаи унвонҳои сохтаи иҷтимоӣ, мақомҳои касбиву ихтисосӣ мешавад ва берун аз қолабҳои мавҷуда андеша ронда наметавонад. Чунин такаббурӣ метавонад масири ҳаракатро ба мино – арзишҳои умумибашарӣ ва маънавии қоим бархӯронда, шахси тангназарро нобуд созад.

* Мино – манораи баланди чароғдор, ки барои ба киштиҳо нишон додани роҳи бехатар, дар соҳили баҳр месохтанд; маяк.


Даҳаи умри инсонӣ

Озодии фикрӣ ва аҳамияти мутолиа

Оқил ва соҳибирода сигоркаш буда наметавонад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s