Агар кӯдак шабонгаҳ зуд-зуд метарсида бошад

Одатан, безобиташавии кӯдак дар қисмати аввали шабонгаҳ, дар ду-се соати аввали хоби гарони ӯ аз худ дарак медиҳад. Дар ин ҳангом тапиши босуръати дил, қай кардан ва зуд-зуд нафас кашидан барин нишонаҳои ҷисмонӣ аз худ дарак медиҳанд. Кӯдак ба ваҳму даҳшат афтида, ҳаракатҳояш бемаврид ва бешуурона мегарданд. Нигоҳҳояш пур аз тарс, бо садои баланд фарёд мезанад. Ҳангоми гирифтор шудан ба ин ҳолат, кӯдак падар ва модарашро намешиносад, чизеро ба хотир оварда ва аз чӣ тарсиданашро ҳам шарҳ дода наметавонад.

Волидайн бояд бидонанд, ки ҳангоми чунин давраҳои тарсу ваҳм дар кӯдак, ӯро бедор кардан дуруст нест. Бе он ҳам, агар бедор кунанд, кӯдак чӣ рух дода шуданашро ба ёд оварда наметавонад. Баръакс, агар дар ин ҳолат кӯдак аз хоб бедор карда шавад, тарсу ҳаяҷонаш боз ҳам бештар мегардад. Ҳатто ҳолати мазкурро субҳгоҳ баъд аз бедор шудани кӯдак ба ӯ нақл кардан ва доир ба ин масъала ҳамроҳаш сӯҳбат кардан ҳам дуруст нест. Волидайн доир ба ин гуна шабҳои мушкилгузар ба кӯдак чизе нагӯянд ва ҳеҷ чиз нашудагӣ барин рафтор намоянд.

Кӯдаконе, ки баъзан шабонгаҳ ин гуна давраҳои тарсу ваҳмро аз сар мегузаронанд, ҳар чӣ бештар рӯзона ҳам истироҳат намуда, хоб кунанд. Волидайн бояд ба реҷаи солими хобкунии онҳо аҳамият диҳанд. Падар ва модар ҳаргиз ба кӯдак тамошо кардани наворҳои даҳшатовар ва пур аз шиддатро иҷозат надиҳанд. Бигзор кӯдак шабонгаҳ барвақттар хоб кунад. Волидайн барои хоби солими кӯдак афсонаҳои ҷолибу ибратомӯз бихонанд.

Бахусус, ин гуна мушкилиҳои шабонгаҳ дар кӯдаконе мушоҳида мешаванд, ки зуд-зуд асабӣ шуда, дар муҳити пур аз шиддати оилавӣ ба воя мерасанд. Аз ин лиҳоз афроди оила барои рушди солими кӯдак муҳити мувофиқ ва пурҳузури оилавиро муҳайё созанд. Таассуроти рӯзмарра ба ташаккули равоният ва шахсияти кӯдак нақши муҳим мебозанд.


Кӯдак ва тарсу ваҳм

Ғазабӣ шудани кӯдак

Агар кӯдак метарсида бошад…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s